расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Русия хабарҳо дар бораи ворид шудани ҳайатҳои толибон ва муқовиматро ба Маскав рад кард

. / Сиёсат

Русия хабарҳо дар бораи ворид шудани ҳайатҳои толибон ва муқовиматро ба Маскав рад кард

Вазорати хориҷаи Русия хабарҳо дар бораи вуруди ҳайатҳои толибон ва муқовиматро ба Маскав рад кард

Замир Кабулов, намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон хабари расонаҳо дар бораи ба Маскав омадани ҳайати толибон ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои музокиротро рад кардаанд.

Оқои Кобулов ба Sputnik дар бораи вуруди ҳайатҳои толибон ба муқовимат ба Маскав гуфт: «Ин хабар ҳақиқат надорад».

Қаблан теъдоде аз расонаҳо аз қавли Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон хабар доданд, ки Муҳаммад Ёқуб, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Афғонистон ва Абдулғанӣ Бародар, раиси ҳукумати толибон бо як сафари эълонношуда вориди Маскав шудаанд.

Илова бар ин, расонаҳо ба нақл аз манобеъ навиштаанд, ки Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд, раҳбарони муқовимат низ қасд доранд ба Маскав биёянд.


Сарчашма​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.