расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Эрон: мушкилоти содирот ба Афғонистон дар ҳоли ҳал шудан аст

. / Сиёсат

Эрон: мушкилоти содирот ба Афғонистон дар ҳоли ҳал шудан аст

Раиси созмони тавсеаи тиҷорати Эрон бо ишора ба пешбинии афзоиши 5 миллиондолларии содирот дар соли оянда гуфт, ки дар ҳавзаи содироти Афғонистон бо мушкилоте рӯ ба рӯ будаем, вале дар замони ҳозир ин мушкилотдар ҳоли ҳал шудан аст

Алиризо Паймонпок, раиси Созмони тавсеъаи тиҷории Эрон ахиран дар як нишасти хабарӣ бо ишора ба пешбинии афзоиши 5 миллиондолларии содирот дар соли оянда гуфт, «то охири сол содироти мо ба беш аз 45 миллиард доллар хоҳад расид», иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба Tasnim.

«Ин ҳама дар ҳоле сурат мегирад, ки Эрон дар бахши содироти Афғонистон бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастем, аммо дар ҳоли ҳозир ин мушкилот ҳал мешаванд ва кор бо ин кишвар маъмулӣ мешавад», — гуфт оқои Паймонпок.

Ёдрас мешавем, ки пештар намояндаи вижаи раисиҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон эълом карда буд, ки иҷозаи интиқоли маводи сӯхт (нефт ва гоз) ба Афғонистон аз қаламрави Эрон барои се моҳ содир шудааст.

Козимии Қумӣ дар Твиттер навишт: «Барои таъмини ниёзҳои мардуми Афғонистон дар фасли зимистон ва ба дархости мақомоти ин кишвар аз Эрон, муҷҷавизи тронзит газу сӯзишворӣ ба кишвари Афғонистон аз қаламрави Эрон ба муддати се моҳ содир шуд».

Бояд қайд кард, ки баъд аз ба сари қудрат расидани толибон Эрон барои кумак ба ин кишвар талошҳо дорад. Эрон дар қаламрави худ ҳазорҳо паноҳҷӯёни афғонистониро ҷой кардааст ва чандин маротиба ба Афғонистон кумакҳои башардӯстона равон кард.

Ҳамчунин ахиран сарпарасти вазорати хориҷаи толибон ба Эрон барои музокира ва баррасии ҳамкориҳо сафар карда буд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.