расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Президенти Арманистон истеъфо дод

. / Сиёсат

Президенти Арманистон истеъфо дод

Сарвари Арманистон тасмим гирифтааст, аз курсии мақоми раёсатҷумҳурӣ канор равад

Раисиҷумҳури Арманистон Армен Саркисян истеъфо дод. Дар ин бора сарвари давлат дар вебсайти худ хабар дод.

«Ман муддати хеле тӯлонӣ фикр кардам ва пас аз тақрибан чаҳор соли кори фаъол тасмим гирифтам, ки аз мақоми раисиҷумҳури Арманистон истеъфо диҳам. Ин комилан тасмими эҳсосотӣ нест ва аз як мантиқи муайян бармеояд», — таъкид кард Саркисян.

Ба гуфтаи вай, «раисиҷумҳур абзори зарурӣ барои таъсир расонидан ба равандҳои бунёдии сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар давраи душвори кунуниро надорад».

Саркисян қайд кард, ки ниҳоди сарвари давлат «набояд объекти ғайбат ва назарияҳои тавтеа бошад», ки таваҷҷуҳи ҷомеаро аз масъалаҳои муҳим дур кунад.

Имруз ба Арманистон «амали пурмазмун ва хуб андешидашуда» лозим аст, гуфт вай.

«Дар акси ҳол, мо, арманиёни тамоми ҷаҳон, ба ҳадафи рисолати худ намерасем, худро дар ҳошияи таърих хоҳем дид. Мо дигар ҳақ надорем, ки хато кунем», — гуфт Саркисян.

Ба бовари сиёсатмадор, Арманистон аз рӯи шакл ҷумҳурии президентист, аммо на аз ҷиҳати мазмун.

Вай ҳамчунин афзуд, ки раисиҷумҳур ва хонаводаи ӯ ҳадафи гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ мешаванд, ки «на он қадар ба дастовардҳои ниҳоди президентӣ ба нафъи кишвар манфиатдор ҳастанд».

Саркисян дар поёни муроҷиат ба артиши кишвар ва ҳамкоронаш барои фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос кардааст.

Ёдовар мешавем, ки сиёсатмадор аз соли 2018 раҳбарии Арманистонро бар уҳда дошт.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.