расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мирзиёев ва Тоқаев амнияти минтақаро баррасӣ карданд

. / Сиёсат

Мирзиёев ва Тоқаев амнияти минтақаро баррасӣ карданд

Раисҷумҳури Ӯзбакистон бори дигар аз тадбирҳои кишвари ҳамсоя барои ба эътидол овардани вазъ ҷонибдорӣ карда, ҷадвали мулоқотҳои дарпешистодаро бо ҳамтои худ баррасӣ кард

 Шавкат Мирзиёев ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев пас аз барқарор шудани вазъият бори нахуст суҳбати телефонӣ карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев бори дигар аз тадбирҳои андешида дар давлати ҳамсоя пуштибонӣ карда, бо ҳамтои худ масоили таъмини амнияти минтақаро баррасӣ намуд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин зимни тамоси телефонӣ ҷадвали мулоқотҳои дарпешистодаи сатҳи олиро баррасӣ намуданд.

Вокуниши Мирзиёев ба Лукашенко, ки гуфт, Ӯзбекистон аз ҳаводиси Қазоқистон сабақ гирад
Президентҳо аз ҷумла ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, аз қабили пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату логистика, мошинсозӣ, энергетика, кишоварзӣ, кимиё ва дорусозӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ёдовар мешавем, тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили январи соли 2022 оғоз шуда буд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ гуфта мешуд.

Ҳукумат омодагии худро барои кам кардани хароҷот эълон кард, аммо эътирозҳо дар шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва соати комендантӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа манъ карда шуд.

Бо дархости президенти кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев сулҳофарони СААД ба қаламрави ин кишвар оварда шуданд.

Тибқи маълумоти ахир, хисороти ошӯб дар Қазоқистон беш аз 2 миллиард долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол 4578 нафар маҷрӯҳ, 225 нафар, аз ҷумла 19 маъмури амниятӣ кушта шуданд.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.