расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » "Дарро намекушоем": Фиғони як зани фаъоли афғонистонӣ зимни ҳамлаи шабонаи толибон

. / Сиёсат

"Дарро намекушоем": Фиғони як зани фаъоли афғонистонӣ зимни ҳамлаи шабонаи толибон

Толибон ба манзилҳои занони фаъоли ҷомеа дар Афғонистон ҳамла мекунанд

Толибон ба хонаҳои заноне, ки ба нишони эътироз ба кӯчаҳои Кобул баромада буданд, ҳамла карданд.

Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи «Telegramm"-и худ бо истинод ба хабаргузории «Aamaj News» иттилоъ додааст.

Бо ирсоли видеое ба сомонаи «Aamaj News» фаъоли ҷомеаи Афғонистон Таманно Париёнӣ иддао дорад, бархе аз афроде, ки худро толиб муаррифӣ кардаанд, талаб мекунанд, дарро ба рӯи онҳо боз кунанд, вале пас аз посухи рад гирифтан кӯшиш мекунанд, дарро тахриб кунанду вориди хона шаванд.

Занҳо фиғон мекашанд ва ба кумак даъват мекунанд. Зимнан онҳо ба ҷангҷӯён ёдоварӣ менамоянд, ки мақомот бо истифода аз зӯр вориди манзилҳои сокинон шудани ин гуна афродро манъ кардаанд.

«Кумак, лутфан. Хоҳаронам дар хона ҳастанд. Ман дар ин шаб наметавонам дарро боз кунам, фардо биёед, ҳарф мезанем», — фарёд мезанад зан.

Вале бино ба гузориши расонаҳо, толибҳо ахиран дарро боз кардаанд. Аз боздошти чанд зани фаъол низ хабар дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки толибон ба манзилҳои панҷшериён низ ҳамла кардаву ҷавононеро бо худ барои бозпурсӣ бурдаанд.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.