расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ВОКУНИШИ МУДИРИ ГИМНАЗИЯИ №8 БА МАҚОЛАИ ИХРОҶИ ИДРИС САМАДОВ АЗ ИН МАКТАБ

Сиёсат / Ҷомеа

ВОКУНИШИ МУДИРИ ГИМНАЗИЯИ №8 БА МАҚОЛАИ ИХРОҶИ ИДРИС САМАДОВ АЗ ИН МАКТАБ

Шариф Шарифзода, директори Гимназияи хусусии “Кафолат”-и шаҳри Душанбе аз мақолаи нашршуда дар сомонаи “Бомдод” бо номи “Хонандаи аълохони гимназияи №8-ро аз мактаб хориҷ карданд” вокуниш кардааст. Дар номааш ба “Бомдод” Шариф Шарифзода менависад, ки дар гимназия барои фарзандони Мирзохӯҷа Самадов шароити боимтиёз фароҳам оварда шудааст, вале гимназия имкони пурра аз пардохти пули таҳсил озод кардани хонандагонашро надорад.  Ҳарчанд дар матлаби “Бомдод” интиқоде ба унвони маъмурияти гимназияи №8 барои тасмими ихроҷи Идрис Самадов набуд, вале мудири гимназия аз он дар ташвиш аст, ки зикр шудани номи мактаб дар моҷарои падари Идрис Самадов бо бонкҳо обрӯи ин мактабро метавонад доғдор кунад ва сабаби каҷфаҳмиҳо дар миёни хонандагон шавад.
Ба хотири риояи чандандешӣ посухи мудири гимназияи  №8-ро низ инҷо нашр мекунем.
Дуруд, муҳтарам Мирзои Салимпур.
Лутфан, ба Шумо маълум кардан мехоҳам, ки матлаби дирӯз дар бораи хориҷ шудани яке аз хонандагони гимназияи мо интишоркардаатон ноогоҳона ва дар асоси ғарази шахсии шаҳрванд Самадов Мирзохӯҷа навишта шудааст. Бояд донед, ки Гимназияи “Кафолат” муассисаи таълимии хусусӣ ба ҳисоб меравад ва буҷаи он пурра аз ҳисоби маблағҳои дар асоси шартномаи таҳсил пардохтшаванда асос меёбад. Ин муассиса аз ҳисоби буҷети давлат ягон дирҳам барои пешбурди кор ва муҳайё кардани шароити хуби таҳсил НАМЕГИРАД!
Он огоҳномаро мо ба 35 нафар волидоне, ки маблағи таҳсилро аз оғози таҳсил умуман насупоридаанд, ирсол кардем. Аммо ягон хонандаро аз дарс маҳрум накардем ва имрӯз ҳам фарзанди Самадов М. дар гимназия қарор дорад ва ҳоло ӯ дар дарс аст. Аз рӯи шартнома волидон бояд 50% маблағи таҳсилро моҳи август ва боқии онро то 20 декабри соли 2021 пардохт мекарданд, ки мутаассифона, ин ҷиҳат зери парда мемонад ҳамеша.
Баъдан, гимназия дар ҳаққи хонаводаи Самадовҳо дастгириҳои зиёд кардааст. Аз ҷумла, фарзандонаш Самадов Саддам ва Самадов Азиз – собиқ хатмкардагони гимназияро тариқи додани имтиёз аз ҳисоби пардохти маблағи таҳсил хонондааст. Илова бар ин фарзанди сеюми ин хонавода Самадов Идрис, ки Шумо дар хусуси ӯ мақола навиштаед, аз пардохти маблағи хӯрок (2350 сомонии солона) пурра озод карда шудааст.
Дигар ин ки дар ин гимназия беш 180 нафар хонандаи фаъолу аълохон, ғолибони олимпиадаҳои гуногуни фаннӣ таҳсил мекунанд, ки гимназия имконияти кӯмак кардан ба ҳамаи онҳоро НАДОРАД!
Чаро тарафи дигари масъаларо барои ХУД лоақал равшан накардаед, ки оё нафаре, ки дар бонк беш аз 2 миллион сомонӣ (аслан 200 ҳазор доллари амрикоӣ) пасандоз дорад, дар зиндагӣ чӣ молу амволеро доро буда метавонад?
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ин нафар, яъне Самадов Мирзохӯҷа дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе беш аз 3 хона дорад, ки ҳамаи онро иҷора додааст ва моҳона музди хубе меёбад. Агар ӯ мехост, маблағи таҳсили фарзандашро (12900 сомонӣ) дар асоси даромади якмоҳааш пардохт мекард.
Ҷиҳати дигари масъала ин аст, ки ӯ ҳамасола бо ҳамин бечоранолӣ аз пардохти маблағи таҳсил саркашӣ мекунад. Дар ҳоле, ки манзили истиқоматии ӯ дар яке аз биноҳои беҳтарини маҳаллаи 82-юми ноҳияи Сино қарор дошта, ба он ҳадде ки тасвир мекунад, асло нодору дастнигар нест! Аз маъюбии худ ҳама ҷо ҷор мезанад ва истифода мекунад. Модоме дар мактаби хусусӣ ва пулакӣ фарзандашро хононда наметавонад, вариантҳои дигар – муассисаҳои ройгон дар шаҳр зиёданд, ки шумораашон ба 150 мерасад.
Мирзои Салимпур, худи Шумо, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доред ва шарту шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии пулакиро хуб медонед, чаро аз қазия пурра огоҳ нашуда, номи муассисаи моро бо як матлаби нокомили худ доғдор кардан мехоҳед? Чаро назари роҳбарияти муассисаро дар матлаби худ наовардаед?Магар рӯзноманигори асил бе овардани фикру андешаи ҷонибҳо метавонад ва ин ё он масъаларо ба риштаи таҳлил кашад?
Дар умум, аз Шумо чанд талаб дорам:
1. Вокуниши моро дар нигоштаи худ ба инобат гиред.
2. Мушкили шаҳрванд бо бонк аст, пас мақола ва мазмуни онро ба муассисаи таълимӣ рабт надиҳед!
3. Аз шаҳрванд Самадов Мирзохӯҷа суол кунед, ки оё дар зиндагӣ манбаи даромад умуман надорад? Агар не, пас чаро фарзандашро дар мактаби хусусии пулакӣ мехононад? Фаъолнокии ӯ аз ҳама ҷиҳат аз тарафи муассиса қадрдонӣ шудааст, аммо иҷро нагардидани уҳдадорӣ ва масъулияти падарии ӯро чӣ метавон унвон кард?
Нигаронии ман аз он аст, ки унвони матлабатон бевосита ба кори мактаб рабт мегирад ва шарҳнависон ҳам асли қазияро нафаҳмида, мактабу муаллимро интиқод карда истодаанд. Ҳоло хонандаи имрӯз ҳавсалаи як матлабро пурра хондан ва қобилияти таҳлил карданро надорад. Аксари мардуми мо имрӯз аз сарлавҳаи мақолаҳое, ки рӯзноманигорон баъзан духӯра мегузоранд, хулоса мекунанд ва мазмуни мақоларо диққат намедиҳанд.
Беҳтар мешуд, ки номи мақоларо ҳам ба бонк ва мушкили Самадов М. бо бонк рабт медодед. Қазияи мактаб яке аз паёмадҳои нохуши ҳамкории ин шаҳрванди судхӯр бо бонк асту бас. Бигзор мардум маблағҳои бо ҳар роҳ ёфтаашонро барои суди бемеҳнат ба даст овардан дар бонкҳои ноустувор нагузоранд ва тиҷорату фаъолиятҳои ҳалолу бехафвтареро пеша кунанд.
Боқӣ, барору комёбӣ насибатон!
Шариф Шарифзода, директори муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат”-и шаҳри Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.