расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Русия размоишҳо дар Осиёи Марказиро зиёд мекунад

. / Сиёсат

Русия размоишҳо дар Осиёи Марказиро зиёд мекунад

Русия дар соли равон ният дорад, теъдоди размоишҳои дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказиро ба андозаи 10 дарсад афзоиш диҳад

 Беш аз 900 размоиши нерӯҳо дар ҳавзаи марказии низомии Русия, ки калонтарин дар кишвар мебошад, ба нақша гирифта шудааст.

Теъдоди размоишҳо дар қиёс бо соли гузашта 10 дарсад бештар мебошад, хабар дод дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомӣ.

«Амалиёт дар размоишгоҳҳо дар Урал, Сибир, Поволже ва пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон гузаронда мешаванд», — омадааст дар иттилоия.

Ба гуфтаи фармондеҳи ҳавзаи марказии низомӣ, енерал-полковник Александр Лапин, таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷобаҷогузории фаврии нерӯ ва равонасозӣ ба самтҳои дигари стратегӣ равона хоҳад шуд.

Фармондеҳии Ҳавзаи марказӣ афзуд, ки инчунин амалиёт барои қатъи даргириҳои мусаллаҳона ва «ба эътидол овардани вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» тамрин хоҳанд шуд

Лапин аз ҷумлаи чорабиниҳои нисбатан бузургро размоиши муштарак бо нерӯҳои посдори сулҳи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ зери унвонӣ «Бародарии газанднопазир — 2022"-ро ном бурд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳавзаи низомии марказӣ, ки калонтарин дар Русия мебошад, дар қаламрави се ҳавзаи федералӣ ва 29 сабъекти Русия ҷой гирифтааст. Инчунин воҳидҳои низомӣ дар Қазоқистон, ки ситоди куллаш дар Екатеринбург мебошад, ба ин ҳавза шомиланд.

Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва пойгоҳи дигар дар Қирғизистон низ ба ҳавзаи марказии низомӣ дохиланд. Пойгоҳи низомии 201-и Русия калонтарин воҳиди низомии ин кишвар дар берун аз қаламрави он мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.