расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Русия гуфт, ҷанги қавмӣ дар Афғонистонро намехоҳад: Ҳушдори Маскав аз додани силоҳ

Сиёсат / Ҷаҳон

Русия гуфт, ҷанги қавмӣ дар Афғонистонро намехоҳад: Ҳушдори Маскав аз додани силоҳ

Вазорати мури хориҷии Русия бори дигар мухолифаташро алайҳи ҷанги қавмӣ дар Афғонистон баён дошт

Русия ҳеч гоҳ даст надоштааст ва нияти милитарисозии Афғонистонро низ надорад, изҳор дошт намояндаи расмии Вазорати умури хориҷӣ, Мария Захарова.

«Русия ба ҳеч шевае дар мусаллаҳсозии тарафҳои даргир дар Афғонистон иштирок накардааст ва чунин нақша ҳам надорад», — гуфтт ӯ.

Намояндаи расмии ВУХ Русия изҳори боварӣ намуд, ки таъминоти силоҳ барои тарафҳои даргир барои эътидоли вазъ дар Афғонистон мусоидат нахоҳад кард.

«Ин танҳо ба шиддати танишҳои дохилиафғонӣ меорад, ки метавонад ба ҷанги шаҳрвандӣ дар заминаи қавмӣ анҷомад», — изҳор дошт Захарова.

Вай таъкид намуд, ки чунин сурат гирифтани кор хилофи манофеи Русия мебошад.

Инчунин Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия ахиран изҳор дошт, ки бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористҳо ва қочоқи маводи мухаддирро ба қаламрави СААД афзоиш медиҳад.

Қаблан хабар дода шуд, ки Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2022-юм се амалиёт барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар наздикиҳои марз бо Афғонистонро баргузор хоҳад кард.

Маҷмӯи чорабиниҳо дар соли равон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла амнияти низомӣ, мубориза бо терроризм ва амалиёти воқеӣ ба нақша гирифта шуданд, изҳор доштанд масъулини СААД.

Маврид ба зикр аст, ки дар Афғонистон нимаи моҳи августи соли гузашта толибҳо сари қудрат омаданд. Кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия интизориҳояшро барои ташаккули ҳукумати фарогир ва таъмини ҳуқуқҳои бунёдии инсон, аз ҷумла ҳаққи занон ба кору таҳсилро баён дошта буд.



Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.