расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Олмон мегӯяд, Навалний бо "новичок" заҳролуд шудааст

. / Сиёсат

Олмон мегӯяд, Навалний бо "новичок" заҳролуд шудааст

Кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки заҳролудшавии Навалний онҳоро водор мекунад, ки алайҳи Русия тадбирҳо андешанд.
Баъд аз он, ки Олмон гуфт, мунтақиди сахти сиёсатҳои ҳукумати Русия Алексей Навалний бо заҳри навъи “новичок” заҳролуд шудааст, ҳукуматҳои ғарбӣ дар фикри тадбирҳои муштарак алайҳи Русия шуданд.
Рӯзи 2 сентябр садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ки Берлин шариконаш дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро огоҳ кард, ки дар ин заминаи "вокуниши муносиб ва муштарак" рӯи даст гирифта хоҳад шуд. Меркел гуфт, "Навалний қурбонии ҷиноят шудааст. Ӯро бояд хомӯш мекарданд ва ман инро аз номи ҳукумати Олмон ба ҳар шакл ба шиддат маҳкум мекунам".
Аз ин пеш ҳукумати Олмон гуфт, ки санҷишҳои вижа дар як озмоишгоҳи низомии олмонӣ анҷомшуда нишон дод, ки бидуни шубҳа дар хуни Навалний заҳре вуҷуд дорад, ки аз гурӯҳи заҳрҳои “Новичок” мебошад.
"Новичок" аз ҷумлаи маводҳои заҳрогине аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравии собиқ тавлид мешуд ва таҳқиқоти ҳукумати Бритониё дар соли 2018 нишон дод, ки як ҷосуси пешини рус ва духтараш дар он кишвар бо он заҳролуд шудаанд.
Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми сентябр дар як нишасти матбуотӣ дар Берлин гуфт, "мо инчунин Созмони манъи силоҳҳои кимиёиро дар Гаага дар бораи натиҷаҳои озмоишҳои токсикологӣ огоҳ мекунем, чун Созиши силоҳҳои кимиёӣ истифодаи ҳама гуна аслиҳаи кимиёиро манъ мекунад".
Маас афзуд, сафири Русия дар Берлин ба вазорати хориҷа даъват шуда, ҳукумати Олмон аз ӯ расман хостааст, ки таҳқиқоти шаффоф ва комиле дар мавриди шеваи заҳролуд шудани Алексей Навалний анҷом шавад. Ӯ таъкид кард, ки шиносоӣ ва муҷозоти масъулони ин амал, аҳамияти зиёд дорад.
Ин дар ҳолест, ки яке аз охирин ҳамлаҳо ба мунтақидони сиёсатҳои ҳукумати Путин дар хориҷа дар равобити Маскаву Ғарб ихтилофи тӯлонӣ эҷод карда буд. Рӯзи 3 сентябр Кремл табибон ва додситонҳои Олмонро ба ҳамкорӣ накардан дар табодули маълумот дар қазияи Навалний гунаҳгор кард.
Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия гуфт, "мо ин сенарияро аллакай дида будем. Аз ин рӯ бояд ошкоро гуфт, ки ин ҳама на бо илму тиб, на бо масоили ҳуқуқӣ, на бо тафтишот рабте надорад. Ин як қазияи сиёсӣ аст, ки дар маркази он тадбирҳои аз пеш тарҳрезишуда истодааст".
Навалний рӯзи 20 июл дар ҳавопаймое аз Сибир ба Маскав худро бад ҳис кард ва ҳавопаймо маҷбур шуд дар шаҳри Омск фуруд ояд. Баъди ду рӯзи бистарӣ шудан дар беморхонаи маҳаллӣ Навалнийро ба Олмон ба интиқол доданд ва табибони беморхонаи “Шерите” баъди чанд рӯзаш гуфтанд, ки сиёсатмадори 44-солаи рус заҳролуд шудааст.
Ҳоло ӯ дар ҳолати кома ё беҳушии маснӯӣ буда, мавриди муолиҷа қарор дорад. Тарафдорони Навалний гуфтанд, ки ӯро қасдан заҳролуд карданд ва дар пушти ин ҳодиса Кремл истодааст. Вале ҳукумати Русия ин иттиҳомро радд мекунад.
Модаи заҳрогини "новичок" аз ҷумлаи маводҳое аст, ки асабро аз кор меандозад аст ва табибони бемористони "Шерите" низ дар озмоишҳои аввалия худ осори ин модаро дар бадани Навалний пайдо карда буданд. Табибони бемористони шаҳри Омск дар Сибир ташхиси пизишкони олмониро рад кардаанд.
"Новичок" -- гурӯҳе аз маводҳои заҳрогин дар радабандии низомӣ аст, ки дар охирин солҳои ҷанги сард дар Иттиҳоди Шӯравии пешин тавлид мешуд. Коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ин мавод фақат дар Русия тавлид шудааст.
Пас аз заҳролуд шудани Сергей Скрипал, ҷосуси пешини Русия ва духтараш дар Бритониё, ҳукумати Русия иддао кард дар пайифурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбӣ низ маълумоти даркорӣ барои тавлиди "новичок" ба даст оварданд ва манбаи маводе, ки дар ҳамла ба Сергей Скрипал ва духтараш истифода шудааст, мумкин аст кишварҳои ғарбӣ бошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.