расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Вазорати молияи толибон, тарҳи буҷаи панҷсолаи ин кишварро омода кардааст

. / Сиёсат

Вазорати молияи толибон, тарҳи буҷаи панҷсолаи ин кишварро омода кардааст

Вазорати молияи толибон мегӯяд, ки пешнависи буҷаи панҷ соли ояндаи молии Афғонистонро омода карда ва барои таъйид ба Шӯрои вазирон мефиристад

Аҳмадвалӣ Ҳақмал, сухангӯи вазорати молияи ҳукумати сарпарасти толибон мегӯяд, ки ин буҷа аз даромадҳои дохилӣ омода шуда ва муттаки ба кумакҳои кумакҳои хориҷӣ нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба хабаргузории «Ariana News».

Ба иттилои манбаъ, Ҳақмал изҳори умедворӣ кардааст, ки Шӯрои вазирон то охири ҳамин моҳ тарҳи буҷаро тасвиб ва барои иҷроиш ба ниҳодҳои марбута равон хоҳад кард.

«Пешнависи буҷа дар вазорат омода аст ва кори он низ тамом шудааст», — афзуд ӯ.

Оқои Ҳақмал илова кард, ки ин нахустин буҷаи ҳукумати Афғонистон дар 20 соли ахир аст, ки ба кумакҳои хориҷӣ такя намекунад ва аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ таъмин мешавад.

«Вазорати молия кори худро анҷом додааст ва баъдан барои тасвиб ба Шӯрои вазирон фиристода мешавад», — қайд кард сухангӯи вазорати молияи ҳукумати толибон.

Сухангӯи вазорати молияи толибон мегӯяд, барои таъмини буҷа амалиёте, ки аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ таъмин мешавад, мушкиле вуҷуд надорад, аммо дар мавриди буҷаи инкишофӣ мушкилоте вуҷуд дорад.

Аз сӯи дигар коршиносони иқтисодӣ мегуянд, ки буҷаи танҳо масориф вазоратхонаҳо нест, балки пружаҳои инкишофӣ ва хадамот барои мардум бояд дар назар гирифта шавад.

Ин дар ҳолест, ки буҷаи миллии Афғонистон дар солҳои гузашта 4,5 миллиард афғонӣ тахмин зада шудааст, ки 40 дарсади он ба пружаҳои инкишофӣ ихтисос дода шуда буд.

Бояд гуфт, ҳукумати толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб дорад, ки ба Амрико фишор биёранд то дороиҳои мусодирашудаи Афғонистон, ки ба мардуми ин кишвар тааллуқ дорад ва дар бонкҳои ИМА банд шудаанд, озод намоянд.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.