расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҷавони кушташуда дар занозании гурӯҳӣ дар Панҷакент донишҷӯи Литсей будааст

. / Сиёсат

Ҷавони кушташуда дар занозании гурӯҳӣ дар Панҷакент донишҷӯи Литсей будааст

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ Иззат Ёров, яке аз се ҷавони кушташудаи муноқишаи хунин дар шаҳри Панҷакент гуфта мешавад

Абдуҳалим Қодирӣ, директори муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ техникии шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ёров дар курси дуюм таҳсил мекард.

«Иззат Ёров дар курси дуюми гурӯҳи чӯбтарош — бинокори Литсей таҳсил мекард. Як рӯз қабл аз ҷанҷол асбобҳои барқии хобгоҳи муассисаро ба омӯзгорони навбатдор супорида ба зодгоҳаш деҳаи Моғиён рафта буд. Аммо рӯзи якшанбе, дар ҷанҷоли гурӯҳӣ кушта шуд», — изҳор намуд, директори Литсей.

Рӯзи 26 декабр дар пайи муноқишаи гурӯҳи дар назди мактаби № 15 и шаҳри Панҷакент Иззат Ёрови 17-сола аз зарби корд дар бемористон ҷон супурдааст.

Ҳамроҳ бо Ёров ду ҷавони дигар, бародарон: Ғолибшоҳи 23 -сола ва Зоҳиршоҳи 21 — сола, сокинон шаҳраки Суғдиён низ аз захми корд кушта шуданд.

Манобеъ аз шаҳри Панҷакент мегуянд онҳое, ки ба сӯи Ёров ва бародарон корд кашидаанд, сокинони ҷамоати Фарёб гуфта мешаванд. Муноқиша миёни онҳо аз пушти як «зарядмонак» сар зада ба фоҷиаи бузург анҷомидааст. Рӯхдоди ин ҳодисаи мудҳиш шаҳри Панҷакентро такон дод. Ин муноқишаи хунинро мақомоти милитсия ба қайд гирифтааст.

Зимнан нисбати гумонбарони ҳодиса бо моддаи 104 (одамкушӣ) ва моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз тарафи прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи моддаҳои мазкури КҶ кишвар дар ҳолати собит шудани ин ҷиноят омили он аз 5 то 25 сол ҳукми зиндон хоҳад гирифт.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.