расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Путин тарҳи нави қонуни шаҳрвандиро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард

. / Сиёсат

Путин тарҳи нави қонуни шаҳрвандиро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард

Президенти Русия тарҳи қонуни нав бораи гирифтани шаҳрвандиро пешниҳод кард, ки дар он тоифаи афроде, ки ҳуқуқи ба таври содда дарёфт кардани шаҳрвандиро мегиранд, муайян карда мешавад

Кишвардори Русия Владимир Путин тарҳи қонун «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия"-ро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки дар он коҳиши талабот ба як қатор гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ, пешбинӣ шудааст.

Тибқи ин санад, президент барои муайян кардани тоифаҳои ашхосе, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, ваколатҳои васеътар хоҳад гирифт.

Дар лоиҳаи қонун инчунин равиши консептуалии фаҳмиши институти шаҳрвандии Русия нигоҳ дошта шудааст.

«Муқаррароти лоиҳаи қонуни додани шаҳрвандии Русия ба шахсоне нигаронида шудааст, ки қодиранд ба таври органикӣ ба низоми робитаҳои мусбати иҷтимоӣ ҳамроҳ шуда, узви комилҳуқуқи ҷомеаи Русия гарданд», — гуфта мешавад дар лоиҳа.

Тибқи лоиҳаи қонун, шаҳрвандии Русия ба шахсоне дода мешавад, ки забони русиро медонанд ва аз таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории он бохабаранд.

Ҳамзамон, лоиҳаи қонун шумораи талаботро нисбат ба беш аз 20 гурӯҳи ашхос ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандӣ ва эътирофи онҳо ҳамчун шаҳрванди Русия, коҳиш медиҳад.

Дар байни онҳо:

ҳамватанон (шаҳрвандони собиқ ИҶШС ва фарзандони онҳо, иштирокчиёни барномаи кӯчонидани ихтиёрӣ),онҳое, ки дар Русия хешовандони наздики рус доранд (бе гузаштани тартиби эътирофи забони модарии забони русӣ),насли онҳое, ки дар ҳудуди Империяи Русия ё ИҶШС ба таври доимӣ зиндагӣ мекарданд.

Дар тавзеҳоти лоиҳаи қонун зикр мегардад, ки аз оғози қабули қонуни федеролии аз 31 майи соли 2002 «Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия» беш аз 7,3 миллион нафар ба шаҳрвандии Русия пазируфта шудаанд.


Cарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.