расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ағбар: Толибон барои аъзоёни “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаи Афғонистон содир мекунанд

. / Сиёсат

Ағбар: Толибон барои аъзоёни “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаи Афғонистон содир мекунанд

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки толибон барои шабҳа низомиёни «Ал-қоида»* ва ДИИШ* шиносномаҳои Афғонистон содир мекунанд

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ахиран зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, толибон ба аъзоёни гурӯҳи «Ал-қоида» ва ҷангҷӯёни ДИИШ* шиносномаҳои Афғонистон медиҳанд.

Оқои Ағбар гуфт: «Тамоми ҷаҳон бояд бидонад, ки толибон ба ҳама террористҳои „Ал-қоида“* ва ДИИШ* дар кишвар шиносномаҳои Афғонистон медиҳанд. Ин як нишонаи ҷиддӣ барои тамоми башарият аст, ки террористҳоро қонунӣ месозанд», — гуфт оқои Ағбар.

Ба гуфтаи ӯ, толибон дар Афғонистон чандон зиёд ҳукмронӣ нахоҳад кард.

Ёдрас меавем, ки чанде пеш Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон ба расонаҳо гуфта буд, ки ДИИШ* дигар ба Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ намекунад.

Ба гуфтаи сухангӯи Толибон, ДИИШ* як гурӯҳи хурде аст, ки ҳоло дар Кобул ва Нангарҳор пароканда шудааст.

Муҷоҳид гуфт, даҳҳо паноҳгоҳҳои ин гурӯҳ аз сӯи толибон тахриб шудаанд.

Аз замони ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон, ДИИШ* дар чанд манотиқи ин кишвар амалиётҳои террористӣ анҷом додааст.

Бояд қайд кард, ки чанде пеш генерали амрикоӣ Фрэнк Маккензи, гуфта буд, ки бо хуруҷи Амрико дар моҳи августи соли равон ДИИШ* ва «Ал-қоида» дар хоки Афғонистон андаке рушд карда ва бо хуруҷи нерӯҳои амниятии Амрико аз ин кишвар радёбии ин гурӯҳ низ бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.