расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Толибон: донишгоҳҳои Афғонистон ба далели камбуди маблағ баста боқӣ мемонанд

. / Сиёсат

Толибон: донишгоҳҳои Афғонистон ба далели камбуди маблағ баста боқӣ мемонанд

Толибон мегӯянд, дар баробари камбуди маблағ ҳамчунин масъалаи боз кардани синфхонаҳои махсус барои духтарон ва ҷалби омӯзгорон барои онҳо ҳалли худро наёфтааст

 Муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Афғонистон ба далели бӯҳрони иқтисодӣ баста боқӣ мондаанд. Дар ин бора рӯзномаи Hindustan Times бо истинод ба вазири таҳсилоти олии ин кишвар.

«Барои ифтитоҳи донишгоҳҳо вақти бештар лозим аст. Пеш аз оғози омӯзиш бояд масоили марбут ба маблағгузории донишгоҳҳо, ифтитоҳи синфхонаҳои вижа барои духтарон ва ҷалби омӯзгорон барои онҳо ҳал карда шавад», — омадааст дар изҳороти Абдулбоқӣ Ҳаққонӣ.

Изҳороти нави вазири маорифи Афғонистон дар ҳолест, ки ӯ 12 сентябр ваъда дод, ки «давоми як ҳафта» кори донишгоҳҳо дубора оғоз мешавад.

Ҳамзамон, ӯ эътироф кард, ки бахши маориф яке аз соҳаҳои бештар осебдида аст, нахуст бар асари пандемияи коронавирус ва баъдан ба сабаби иваз шудани ҳукумат дар Афғонистон.

Ба гуфтаи вазир, раванди таълим дар Афғонистон бар асоси ҷинсият сурат хоҳад гирифт: ба писарон омӯзгорони мард ва ба донишҷӯдухтарон омӯзгорони зан дарс хоҳанд дод ва таҳсили онҳо алоҳида сурат мегирад.

Дар авохири ҳафтаи гузашта толибон аз таъсиси як воҳиди нави пулис иборат аз 170 нафар эълом карданд, то муассисаҳои таълимӣ аз ҳамлаҳои мухолифони таҳсили занонро ҳифз кунанд.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.