расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Маълум шуд, кай Матвиенко ба Тоҷикистон меояд

. / Сиёсат

Маълум шуд, кай Матвиенко ба Тоҷикистон меояд

Раиси Шӯрои Федератсия барои ширкат дар як чорабинии муҳим ба кишвар меояд

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар охири моҳи феврал аз Тоҷикистон дидан мекунад. Ӯ дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар ҷаласаи тирамоҳии палатаи болоӣ изҳор дошт.

«Агар нақшаҳо тағир наёбанд, дар охири моҳи феврал ният дорам ба Тоҷикистон равам. Мо дар онҷо як форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ, баргузор мекунем», — гуфт Матвиенко.

Раиси Шӯрои Федератсия таъкид кард, ки моҳи март 30-умин солгарди таъсиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ таҷлил мешавад.

«Қазоқистон ҳамчун кишвари муассиси ПАА аз Шӯрои АИА даъват кард, ки ҷаласа баргузор кунад, мо онро бо хушнудӣ қабул кардем», — гуфт Матвиенко.

Тирамоҳ сенаторҳо ният доранд, ки ба Ӯзбакистон сафар кунанд. Дар он ҷо Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо маҷлиси машваратии ва конференсияи байналхалқӣ мегузаронанд.

Ба гуфтаи Матвиенко, кишварҳо ҳоло ба форуми Осиёи Марказӣ ва Русия омодагӣ мебинанд. Чорабинӣ дар нимаи аввали соли 2022 дар Туркманистон баргузор мешавад.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.