расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Маскав ифтитоҳи боғи ба номи Дудаевро дар Туркия маҳкум кард

. / Сиёсат

Маскав ифтитоҳи боғи ба номи Дудаевро дар Туркия маҳкум кард

Вазорати умури хориҷии Русия номгузории боғе дар Туркия ба номи террорист Дудаевро маҳкум кард

 Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хорииҷии Русия зимни шарҳи ифтитоҳи боғи ба номи Дудаев дар Туркия изҳор дошт, ки ин амал бо фазои ҳамкории ду кишвар созгор нест. Таъкид шуд, ки Маскав интизор дорад, Анқара паёмҳои Русияро ҷиддӣ қабул хоҳад кард.

Ба гуфтаи Захарова, Русия ҳар амалияи поси хотири террористҳо, ҷангҷӯён, экстремистҳоро қабул надорад ва мавқеи қатъии Маскав мебошад.

«Чунин талошҳо номатлубанду бидуни шак маҳкумият аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунанд. Онҳо мухолифи фазои ҳамкории тарафайн судманди Русия ва Туркия мебошанд, ки барои таҳкими он роҳбарони ду давлат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд», — изҳор дошт Захарова.

Ӯ изҳори умед кард, ки паёмҳои Русия дар мавриди номатблубии чунин иқдом аз ҷониби Туркия бо тамоми ҷиддият қабул хоҳанд шуд.

Қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков қарори мақмоти Туркия дар мавриди ба номи террорист номгузорӣ намудани боғро барои сокинони Чеченистон дардовар хонд.

Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон мақомоти Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳое, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, муттаҳам кард ва аз Вазорати хориҷа хост, алайҳи Анқара чораҳои дипломатӣ андешад. Боғи ба номи Дудаев дар яке аз минтақаҳои Туркия нимаи моҳи равон ифтитоҳ шуда буд.

Дар пайи он Қодиров аз президент, Раҷаб Тайиб Эрдуғон талаб кард, ки тасмим бигирад, ё Туркия мақоми давлатеро мегирад, ки ошкоро террористҳоро дастгирӣ мекунад ё ҷонибдори равобити шаффофу пок бо Маскав, бидуни тағйир додани мавқеи худ, боқӣ мемонад.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.