расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тарси Туркия аз эҳтимоли ҷанг алайҳи Русия

Сиёсат / Ҷаҳон

Тарси Туркия аз эҳтимоли ҷанг алайҳи Русия

Туркия метавонад дар сурати муқовимат миёни Русия ва Украина ба нерӯҳои НАТО фармондеҳӣ кунад

 Афзоиши танишҳо дар атрофи Украина мустақиман ба Туркия таъсир мерасонад, менависад., РИА Новости бо такя ба Habertürk.

Муаллифи мақола Четинер Четин ёдовар шудааст, ки имсол Анцара фармондеҳи Нерӯи муштараки омодагии НАТО — пояи Нерӯҳои вокуниши сареъи паймон аст: ин сохтори низомӣ соли 2014 барои ҷилавгирӣ аз Маскав дар замони буҳрони Украина таъсис дода шуда буд.
Четин бовар дорад, ки дар сурати муноқишаи ошкоро бояд Туркия аввалин шуда ба Киев кумак кунад. Дар чунин вазъият Туркия бояд на танҳо дар амалиёти низомӣ ширкат кунад, балки воқеан онро раҳбарӣ кунад.

Ба гуфти муаллифи мавод, Анқара бояд, «дар равобити низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иктишофӣ ниҳоят эҳтиёткор бошад».

«Аммо дар ҳоле, ки мо дар фармондеҳии VJTF (Гурӯҳи муштараки омодагии олӣ. — идора.) царор дорем ва нориныак ба зидди Русия ба дасти мо афтад, чӣ мешавад? Оё мо дар муносибат бо Маскав аз ин ҳам бештар буҳрони амиқтар нахоҳем дошт. дар циёс бо тахриби ҳавопаймои русӣ дар соли 2015? Буҳрони Украинаву Русия чӣ гуна идора хоҳад шуд?» — суолгузорь кардааст Четин.

Вақтҳои охир Ғарб ҳарчӣ бештар иддао мекунад, ки Русия барои «ҳуҷум» ба Украина омодагӣ мегирад. Маскав инро рад мекунад ва таъкид меварзид, ки ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худӣ набояд касеро ба ташвиш орад.

Тавре Кремл борҳо таъкид кардааст, чунин ҳамлаҳо ҳамчун баҳона барои ҷойгир кардани техникаи ҳарбӣ ва нерӯҳои НАТО дар марзҳои Русия истифода мешаванд.

Владимир Путин зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли як хабарнигори бритониёӣ дар бораи «эҳтимоли ҳамла"-и Русия ба Украина, ишора кард, ки Маскав ба касе таҳдид намекунад.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.