расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » "Инсонҳоро куштанду сӯзонданд": Путин аз табаддулоти Украинаро ёдовари кард

. / Сиёсат

"Инсонҳоро куштанду сӯзонданд": Путин аз табаддулоти Украинаро ёдовари кард

Президенти Русия Владимир Путин аз сиёсатмадорони Ғарб дар робита ба табаддулоти давлатӣ дар Украина интиқод кард

Соли 2014 дар Украина табаддулоти хунини давлатӣ сурат гирифт, гуфт раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни нишасти хабарии бузург дар қасри «Манеж».

«Дар он ҷо одамонро сӯзонданду куштанд ва сӯзонданд. Ҳоло ман намегӯям, ки кӣ ҳақ аст ва кӣ ноҳақ. Маълум аст, ки хашми қонунии шаҳрвандон аз ҳодисаҳои дар кишвар рух дода буд», — гуфт раҳбари Русия.

Путин ёдовар шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури вақти Украина, ба ҳама шартҳо розӣ буд. «Се вазирони корҳои хориҷӣ — Полша, Олмон ва Фаронса — кафолати рушди осоиштаи вазъро доданд. Он вақт ман бо ташаббуси ӯ бо президенти ИМА сӯҳбат кардам, ӯ аз ман ҳам хоҳиш кард, ки ин равандро дастгирӣ кунам. Ҳама розӣ шуданд. Пас аз як-ду рӯз — табаддулот. Чаро? Ҷавоб нест», — гуфт Путин.

Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2013 ҳукумати Украина раванди имзои Созишномаи ҳамроҳшавӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро мутаваққиф карда буд. Ин боиси бӯҳрони шадиди сиёсӣ шуд, ки бо эътирози густурда дар маркази Киев ва ҳамчунин дар дигар шаҳрҳои кишвар оғоз шуд.

16 январи соли 2014 аз ҷониби Радаи болоӣ қабули бастаи қонунҳо дар бораи сахттар кардани муҷозот барои ширкат дар тазоҳуроти беиҷоза боиси муқовимати шадиди хушунатбор гардид. Баъдтар қонунҳо бекор карда шуданд.

Аз 18 феврали ҳамон сол то инҷониб вазъ якбора бад шуда, дар маркази Киев ба хунрезии густарда мувоҷеҳ шуд ва боиси марги зиёда аз 100 нафар шуд.

Шурӯи хушунат ва хунрезӣ дар маркази Киев боиси фирори густардаи вакилон ва барканории иҷбории Виктор Янукович аз қудрат шуд. Илова бар ин, дар пасманзари табаддулоти давлатӣ сокинони Қрим тасмим гирифтанд, ки ба Русия баргарданд.

Нишасти бузурги матбуотии Путин


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 23 декабр дар толори намоишгоҳи марказии «Манеж» нишасти хабарии калон баргузор кард.

Дар он 507 нафар журналистон иштирок дошта, мавзӯъҳои асосии нишасти матбуотӣ натиҷаҳои иқтисодии соли 2021, пандемияи коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код ва ваксинаҳо буданд.

Сарвари давлат бори нахуст дар соли 2001 ба саволҳои рӯзноманигорон дар ин шакл посух дода буд. Мулоқот 1 соату 35 дақиқа идома кард ва дар ин муддат раисиҷумҳури Русия 22 мавзӯъро шарҳ дод.

Дарозитарин нишасти матбуотӣ 7-ум маҳсуб мешавад, ки соли 2008 баргузор шуда буд. Тӯли 4 соату 40 дақиқа раҳбари Русия ба 106 савол посух дод.


Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.