расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Шаби ноором: Боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

. / Сиёсат

Шаби ноором: Боз тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Сӯи манзили як сокини шаҳри Исфара тирпаронӣ сурат гирифтааст

Шаби 22 декабри соли равон, тахминан соатҳои 22:00 хонаи истиқоматии сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шахри Исфара Довудов Муҳаммадҷон мавриди тирпарони қарор гирифт.

Ин ҳодисаро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи тирпаронӣ оинаҳои хонаи истиқоматии Довудов Муҳаммадҷон шикаста, тир то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона бархӯрдааст.

«Хушбахтона ягон ҷароҳат ба соҳибхона нарасидааст ва ҳоло вазъ ором аст», — гуфт Шомадов.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи тирпаронӣ дару тирезаҳои хонаи истиқоматии Муҳаммадҷон Довудов шикаста, тир то ба деворҳои хона бархӯрдааст.

Тахминан ду ҳафта пештар низ якчанд моли калони шохдори ин сокини деҳаи Сомониён аз ҷониби қиргизҳо рабуда шуда буд ва танҳо баъди дахолати масъулин говҳо баргардонида шуда буданд.

Инчунин дар муноқишаи моҳи апрели соли равон низ хонаи ин сокини Сомониён аз тарафи сокинони деҳаи Куктош пурра ба коми оташ рафта, бо кумаки мақомоти иҷроия аз нав бунёд гардид.

Мавриди зикр аст, ки зуҳри рӯзи 22 декабр низ дар дар сарҳади миёни ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон тирпаронӣ рух дод.

Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи «КамАЗ» айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст.

Ёдрас менамоем, 17 декабр низ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи ноором дар марзи Тоҷикисону Қирғизистонро шарҳ дода гуфт, дар деҳаи Сомониён сохтмони ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон мунҷар ба муноқиша шудааст.

Бинобар нақли КДАМ, он гоҳ сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқӣ бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ барпо намуд, аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯйи онҳо санг партофтанд.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқиша шудааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.