расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Расонаҳо: Ёвари тоҷикистонии роҳбари ДИИШ* дар Туркия маҳкум шуд

. / Сиёсат

Расонаҳо: Ёвари тоҷикистонии роҳбари ДИИШ* дар Туркия маҳкум шуд

Додгоҳи Туркия яке аз ёварони Абубакр Бағдодӣ, роҳбари пешини созмони террористии ДИИШ*-ро ба зиндон маҳкум кардааст

Додгоҳ яке аз ёварони Бағдодӣ, раиси пешини созмони террористии ДИИШ*-ро барои ҳашт солу чор моҳ равонаи зиндон кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои Туркия, маҳкумшуда зодаи Тоҷикистон буда, Аҳмад Сулаймон ибни Муҳаммад ном дорад. Расман мақомоти Тоҷикистон дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардаанд.

Манобеи туркӣ менависанд, ки Аҳмад Сулаймон зимни як амалиёти мақомоти истихборотӣ дар шаҳри Истанбул боздошт гардидааст. Расонаҳо ӯро яке аз ёварони наздики Абубакр Бағдодӣ муаррифӣ мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки худи Бағдодӣ 27 октябри соли 2019 дар пайи як амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар минтақаи Идлиб кушта шуд. Зимни амалиёт ҳамроҳаш чанд узви ДИИШ ва аъзои хонаводааш низ кушта шуданд.

Созмони «Давлати исломии Ироқу Шом» дар қаламрави Сурия ва Ироқ фаъолият дошта, як муддат қисмате аз минтақаҳои ин ду кишварро таҳти назорат гирифта буд. Аз Тоҷикистон низ ҳазорҳо нафар ба ин созмон ҷалб шуд, ки бархеашон кушта, бархеашон дар зиндон ва гурӯҳи дигаре таҳти пайгард қарор доранд. Даҳҳо нафар аз занону кӯдакони аъзои кушташудаи ДИИШ* ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.


Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.