расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Баррасии вазъи Афғонистон дар дидори вузарои хориҷии Эрону толибон

. / Сиёсат

Баррасии вазъи Афғонистон дар дидори вузарои хориҷии Эрону толибон

Сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон бо вазири хориҷаи Эрон дидор кард

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, ки барои ширкат дар ҳафдаҳумин нишасти изтирории вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар бораи Афғонистон ба Исломобод сафар кард, дар ин мулоқот гуфт: Эрон ҳамчунон барои ташкили давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ақвом дар Афғонистон талош ва ҳамаи тарафҳоро барои таъмини ин ҳадаф ташвиқ мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории «tasnimnews».
Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт, мардуми Афғонистон дар остонаи фасли сармову шароити сахте, ки доранд бояд мавриди ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ қарор бигиранд.

Вай гуфт, кумакҳои инсондустона бояд ба самти ин кишвар сарозер шавад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён ҳамчунин чаҳор пешниҳод барои кумак ба мардуми Афғонистон ироа кард ва афзуд, кишварҳои исломӣ ҳайати ҳокимаи сарпарастии Афғонистон ва ҳамаи тарафҳоро ба ташкили давлати фарогир ташвиқ кунанд.

Вазири хориҷаи Эрон афзуд, Теҳрон амнияти пойдор ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ дар Афғонистонро дар ростои манофеи ҷамъии минтақа арзёбӣ мекунад.

Оқои Амирабдуллоҳиён илова кард, ки Эрон дар 40 соли гузашта мизбони миллионҳо муҳоҷиру овораи афғонистонӣ бӯдааст.
«Ин муҳоҷирону оворагон ҳосили таҷовузу ишғолгарии Амрико будаанд», — гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи давлати толибон низ дар ин мулоқот гуфт, ҳама бояд бипазиранд, ки инзивои сиёсии Афғонистон барои касе суде надорад ва ниёз аст то ин кишвар аз назари сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳимоят шавад.

Вай афзуд, ба тамоми ҷаҳон ва ба вижа кишварҳои исломӣ итминон медиҳам, ки аз хоки Афғонистон алайҳи касе истифода нахоҳад шуд ва бо кишту қочоқи маводи мухаддир ба шиддат мубориза мешавад.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.