расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Муҳаққиқ гуфт, суқути ҳукумати толибон дур нест

. / Сиёсат

Муҳаққиқ гуфт, суқути ҳукумати толибон дур нест

Раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон мегӯяд, ки афви умумӣ воқеӣ нест, террор ва фақр рӯз аз рӯз афзоиш меёбад ва аз ин рӯ, таназзули ҳукумати толибон дур нест

Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон, дар паёми ахираш навишт, аз замони шурӯи ҳукмронии Толибон дар ин кишвар вазъ рӯз то рӯз бадтар мешавад. Агар ин идома ёбад, дар ниҳоят ҳукумати толибон суқут хоҳанд кард.

«Анҷоми ҷангро, ки толибон иддаъо кардаанд, воқеӣ нест. Дар бисёре аз манотиқи кишвар кушторҳо, таркишҳо ва ҷангҳо идома дорад», — гуфт ӯ.

Ӯ дар идома мегӯяд, бар хилофи авфи умумии эълонкардаи рохбарияти толибон ҳазорон фармондеҳони собиқи ҳукумат, муҷоҳидин ва ҳатто раҳбарони деҳот овораю таъқиб ва ё аз хонаҳояшон рондаву шиканҷа ва кушта шудаанд.

Ба гуфтаи Муҳаққиқ, камбағалӣ ва бекорӣ вусъат ёфтааст. Аксари мардум имкони харидани нони худро надоранд ва баъзеҳо ҳатто барои ба даст овардани он фарзандони худро мефурӯшанд

Толибон ҳукумати фарогирро тавре таъриф мекунанд, ки ҳама мансабдорони баландпоя аз толибон ҳастанд, аммо ба таври рамзӣ намунаи афроди дигарро аз дигар қавмҳо илова мекунанд, то ба ҷаҳониён бигӯянд, ки мо мини худ миллатҳои дигар низ дорем, афзудааст раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон.

Як рӯз қабл нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ дар Исломобод бо нашри баёния бар зарурати боз кардани як сандуқи молӣ барои кумак ба Афғонистон таъкид кард.

Барномаи ҷаҳонии ғизо (WFP) аз бӯҳрони шадиди гуруснагӣ дар Афғонистон ҳушдор дода, афзудааст, ки бӯҳрон ба фалокат табдил шуданаш ҳамагӣ як қадам мондааст. Ин ташкилот бар зарурати кумак ба аҳолии Афғонистон таъкид карда, изҳор доштааст, ки дар сурати ироа нагаштани кумакҳо марг бар миллионҳо тан таҳдид хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол толибон ва бархе кишварҳои дигар барои дастрасӣ пайдо кардан ба дороиҳои Афғонистон, ки ИМА онро мунҷамид кардааст, таъкид мекунанд. Аммо ИМА барномае барои боз кардани он рӯи даст надорад.

Кохи сафед ахиран гуфт, ба толибон бовар надорад ва роҳҳоеро меҷӯяд, ки кумакҳоро мустақиман ба мардум расонад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.