Ҳукумат як ширкати дигарро 7 сол аз пардохти андозу боҷ озод кард. "Мармарӣ" аз кист?
Ҳукумати Тоҷикистон "Мармарӣ", ширкати азимеро, ки дар ҷануби кишвар ба парвариши чорво ва мурғ машғул аст, ҳаф сол аз пардохти молиёт (андоз) ва боҷи гумрукӣ озод кардааст.Матни созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ "Мармарӣ" рӯзи 12-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд. Ин созишномаро Мирзобиддин Нугманов, мудири “Мармарӣ” ва Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ва сармоягузории Тоҷикистон рӯзи 24-уми сентябри 2021 имзо кардаанд.Имтиёзҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ин ширкат додааст, камсобиқа аст. Ширкат аз пардохти аксар андозҳо ба муддати 7 сол пурра озод шудааст. Ин гуна имтиёзҳо ширкатро дар баробари рақибонаш дар бозори дохилӣ, ки вазифадоранд, андоз диҳанд, дар мақоми истисноӣ қарор медиҳад.
Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати “Мармарӣ” аз пардохти
- андоз аз фоида;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андози замин;
- андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шудааст.
Кандукови Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин ширкатро шахсони наздик ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон, роҳбарӣ мекунанд. Мақомот дар ин маврид ҳеч ишорае накардаанд.
Дар расми кушодани фермаи чорвопарварии “Мармарӣ” дар Ёвон, коргоҳи мурғпарварӣ дар Данғара ва забҳгоҳи он дар Душанбе низ шахсан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ иштирок доштанд. Дар ин маросим Мирзо Муҳаммад Файзуллозода, молики ширкати азими дигар, "Авесто Гурӯҳ", дида мешавад.
Дар ҳоле ки соҳибкорон ва моликони ширкатҳои дигар аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд, дар Тоҷикистон ширкатҳои наздик ба ҳукумат имтиёз мегиранд ва аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ озод мешаванд.
Аз ҷумла, моҳи марти соли 2019 Маҷлиси Намояндагон бо пешниҳоди ҳукумат созишномаеро тасвиб кард, ки тибқи он ширкати хусусии "Амирӣ" ба муддати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод шуд. Ин ширкат ваъда дода буд, бо харҷи 20 миллион доллар корхонаи қаннодӣ месозад.