расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ИЗҲОРОТИ “КОМИССИЯИ 44” ДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН (ВИДЕО)

Сиёсат / Ҷомеа

ИЗҲОРОТИ “КОМИССИЯИ 44” ДАР БОРАИ ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН (ВИДЕО)

Намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ, маъруф ба номҳои “комиссияи 44”, ё “гуруҳи 44”, ки эътирозгарони Хоруғ дар поёни моҳи ноябар бо мақсади музокирот бо мақомот ва намояндагӣ аз онҳо интихоб карда буданд,  рӯзи 16 декабр, 18  рӯз баъди анҷоми эътирозҳои Хоруғ бори аввал бо нашри як видеои 10-дақиқагӣ бори аввал мавқеи худро дар бораи ҷараёни иҷрои талабҳои эътирозгарон ва мушкилоти пайдошуда дар ин роҳ баён доштанд.
Дар ин видео, ки бо номи “Изҳороти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ доир ба ҳодисаҳои 25-28 ноябри соли 2021” нашр шудааст, матни изҳоротро аз номи намояндагони эътирозгарони Хоруғ Фаромӯз Иргашов, як ҳуқуқшиноси ҷавони зодаи Бадахшон қироат кард. Иргашов ҳамон ҷавонест, ки соли 2020 талош карда буд, то номзадиашро ба интихоботи президентии Тоҷикистон низ бигузорад, вале худро ҳамчун номзад сабти ном карда натавонист ва ба интихобот роҳ наёфт.
Фаромӯз Иргашев мегӯяд, ки онҳо зодагони ВМКБ буда, дар рӯзҳои эътирозҳо бо талаби мардум ва мақомот ба хотири ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва таъмини сулҳу субот ва адолати судӣ “ҷон ва саломатии худро ба хатар гузошта”, ба ин кор камар бастанд. Иргашов баррасии талабҳои мардум аз ҳукумат ва талабҳои ҳукумат аз мардумро ҳадафи асосии кору фаъолияти ин комиссия номид.
Иргашов ин талабҳоро чунин хулоса кард: “Талаботи мардуми ҷамъомада аз ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин буд:
  1. бояд аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти тафтишотӣ гуруҳи корӣ ташкил шуда, ҳодисаи рӯзи 25 ноябр дар деҳаи Тавдемро, ки шаҳрванд Зиёбеков Гулбиддин ба қатл расонида шуд, таҳқиқ шавад. Талаби аз ҳама якум низ ҳамин буд ва ҷазо додани гунаҳкорон.
  2. Талаботи дигар: афв намудани иштирокчиёни эътирозҳо,
  3. баъдан баровардани низомиён ва бардоштани блокпостҳои иловагӣ,
  4. баровардани нирӯҳо аз биноҳои маъмурӣ
  5. дастрасӣ ба алоқа ва Интернет
  6. ва аз кор сабукдӯш кардани сардори раёсати КДАМ дар ВМКБ.
Талабҳои асосии намояндагони ҳукумат аз мардум аз он иборат буд ки:
  1. Роҳи байналмилалии Кулма – Хоруғ – Роштқалъа – Душанбе кушода шавад
  2. Ва мардум майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғро тарк намоянд.”
Ӯ гуфт, эътирозҳоро дар Хоруғ ягон гуруҳи ҷиноӣ ташкил накардааст, балки маҳз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков дар деҳаи Тавдем боис шуд, ки мардум дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ гирди ҳам биоянд.  “Тазоҳурот дар заминаи стихиявӣ ва дар ҳолати ҳаяҷон сурат гирифт  ва онро ягон кас ташкил накард”, – таъкид кард Фаромӯз Иргашов.
Ӯ аз он изҳори норозигӣ кард, ки мақомот дар филми “Нерӯи қонун” танҳо як паҳлуи масъала – захмӣ шудани кормандони мақомоти қудратиро дидаанду аммо ба кушта шудани ду сокини Бадахшон ва захмӣ шудани 15 нафар аз тири кормандони мақомот чашм мепӯшанд.
“Аз ин саволе ба миён меояд, ки қонун барои кормандони мақомоти қудратӣ нест, қонун фақат барои мардуми бечора аст? Принсипи баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди қонун куҷост? Саволи дигар ин аст, ки он нерӯи волоияти қонун, ки мақомот ҳар рӯз аз минбарҳо дар борааш ҳарф мезананд, куҷо шуд?”, – суол гузошт Фаромӯз Иргашов.
Ӯ афзуд, ки фақат суд метавонад шаҳрвандро ҷазо диҳад, ягон мақомоти дигар: на ВКД, на КДАМ, на прокуратура чунин ҳақро надоранд. Иргашов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Зиёбековро бидуни ҳукми суд аз ҳоло “саркардаи гуруҳи ҷиноятӣ” ном мебаранд. Ӯ инро амали хилофи қонун номид. Фаромӯз Иргашов аз номи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бори дигар талаб кард, ки бояд афроди гунаҳкор дар куштани Гулбиддин Зиёбеков ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.