расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Думаи Русия созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавои бо Тоҷикистонро тасвиб кард

. / Сиёсат

Думаи Русия созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавои бо Тоҷикистонро тасвиб кард

Парлумони Русия тарҳи созишномаи Душанбе ва Маскавро барои ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро, ки аз ҷониби Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод шуд, тасвиб кард

Вакилони Думаи давлатии Русия дар ҷаласаи навбатӣ тарҳи созишномаи Душанбе ва Маскавро барои ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро ба тасвиб расониданд.

Тарҳи созишнома ба парлумони Русия аз ҷониби Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар пешниҳод шудааст.

«Бо мақсади беҳтар намудани самаранокии ҳалли масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа ҷонибҳо низоми ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистонро таъсис медиҳанд, ки созишнома қисмате аз низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ мешавад.», — гуфта мешавад дар созишномаи мазкур.

Дар санади мазкур зикр шудааст, ки бо назардошти аз якдигар ҷудо будани қаламравҳои Тоҷикистону Русия тарафҳо дар минтақа қисмати ҷудогонаи амнияти дастаҷамъиро дар ҳудуд ва фазои Тоҷикистон ҷудо хоҳанд кард.

Тавре Андрей Картаполов, раиси Кумитаи дифоъи парлумони Русия таъкид кард, «мувофиқи Созишнома ҷонибҳо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳалли мушкилоти зиддиҳавоӣ дар Тоҷикистон низоми муштараки минтақавии дифоъ ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро таъсис медиҳанд».

Вай гуфт, тасдиқи Созишнома ба манфиатҳои Русия комилан мувофиқ аст ва татбиқи он ба таъмини амнияти низомӣ таъсири мусбат мерасонад, — гуфт вакили парлумон.

Ёдрас менамоем, ки моҳи сентябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, то лоиҳаи созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи ташкили низоми ягонаи минтақаии мудофиаи зиддиҳавоӣ маъқул дониста, имзо кунанд.
Амри раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин хусус 12 сентябри соли равон ба имзо расида буд.

Сани 8 декабри соли равон парлумони Тоҷикистон тарҳи созишномаи Душанбе ва Маскавро барои ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро тасвиб кард.

Гуфта мешавад, созишнома ба муҳлати панҷ сол имзо мешавад.

Бояд гуфт, дар бораи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ дар моҳи майи имсол Владимир Путин, раисҷумҳурии Русия ба мақомоти кишвараш дастур дода буд, ки созишномаи бунёди шабакаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон омода карда, ба имзо расонанд.
Матни дастури Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуда буд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.