расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Як мақоми дигари Ёдгор Файзовро Алишер Мирзонабот мегирад

. / Сиёсат

Як мақоми дигари Ёдгор Файзовро Алишер Мирзонабот мегирад

Интизор меравад, ба мақоми вакилӣ аз вилояти Бадахшон дар Маҷлиси миллӣ номзадии раиси феълии вилоят Алишер мирзонабот пешниҳод карда шавад

Раиси пешини ВМКБ Ёдгор Файзов, ки ахиран аз мақомаш баркнаор шуд, аз мақоми узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон меравад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ.

Қатҳи пеш аз муҳлати ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ёдгор Файзов дар ҷаласаи навбатии палатаи болоии парлумони кишвар баррасӣ шудааст.

Тасмими бозхонди Файзов аз ин мақом барои тасдидқ ба рӯзномаи иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон пешниҳод шудааст.

Ёдгор Файзови 59-сола 1 октябри соли 2018 ма курсии раҳбарии ВМКБ такя зада буд ва ахиран бо фармони президент 5 ноябр аз ин мақом рафт ва мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон наметавонад дар мақоми вакилӣ монад.

Мақоми раҳбарии ВМКБ- ро Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта раиси шаҳри Хоруғ буд, ба дӯш гирифт
Интизор меравад, ба мақомои вакили нав аз Бадахшон, муовини раиси Маҷлиси миллӣ номзадии раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот пешниҳод шавад.

Ёдрас мешавем, 25 узви Маҷлиси миллии Тоҷикистонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷ вакил аз ВМКБ, Суғд, Хатлон ва НТМ) интихоб мекунанд, 8 вакил бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъин карда мешаванд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.