Додраси тоҷик барои "паст задани шаъну эътибор" барканор шуд

Бино ба хабари дафтари матбуоти раисҷумҳур Шарифзода, бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мақомаш озод карда шудааст. Назари додрас дастрас нест ва маълум нест, ки ӯ чӣ амали хилофи қонун содир кардааст.
Дар гузашта баъзе аз додрасҳоро бо айни иттиҳом ва асосан барои ришвагирӣ аз кор озод карда буданд.
Феълан дар Тоҷикистон беш чаҳорсад додрас кор мекунад. Дар даҳ соли охир беш аз 25 нафари онҳо боздошт ва ба зиндон маҳкум шудаанд.
Баъзе аз сокинони Тоҷикистон додрасҳоро ба эълони, ба бовари онҳо, ҳукмҳои ноодилона ва сӯистифода аз мансаб муттаҳам мекунанд. Коршиносон маоши кам ва мустақил набудани додгоҳҳоро аз сабабҳои асосии чунин вазъият мепиндоранд.
Дирӯз Эмомалии Раҳмон бо фармонҳои худ як идда фармондеҳони низомиро ба мансабҳои баланд дар воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ таъин кард.
Ҳамчунин, Рухшона Эмомалии 39-сола, духтари президенти Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд.
Сарчашма:Sputnik Tajikistan