Даъвати толибон ба нишасти сарони кишварҳои исломӣ

Валиуллоҳ Шоҳин, раиси Маркази мутолиоти стротегии вазорати умури хориҷаи Покистон таъкид кард, иқтисоди Афғонистон, низоми молӣ, низоми бонкӣ ва одисозии равобити давлати толибон бо дигар кишварҳои ҷаҳон аз масоили муҳимме аст, ки дастури кори ин нишаст қарор хоҳад гирифт, иттилоъ додааст хабаргузории «Парстудей».
Бояд қайд кард, ки нишасти сарони кишварҳои исломӣ санаи 19 декабр дар Исломобод баргузор мешавад.
Ба иттлои манбаъ дар ин нишаст намояндагони Амрико, Русия, Британия, Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои башардӯст ҳузур хоҳанд дошт.
Толибон аз замони ба қудрат расидан дар Афғонистон дар 15 августи соли равон, барои ба расмият шиносиашон талош доранд. Созмони милал чанде пеш эълом кард, ки намояндаи толибонро ба унвони намояндаи Афғонистон ба расмият намешиносад.
Сарчашма: Sputnik Tajikistan