расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Дастури навбатии толибон: ҳукумати нави Афғонистон боз чиро манъ кард

Сиёсат / Ҷаҳон

Дастури навбатии толибон: ҳукумати нави Афғонистон боз чиро манъ кард

Толибон ба бошандагони Фарёб дастур додаанд, ки аз пӯшидани либоси низомӣ ва насби филмҳои сиёҳ дар шишаҳои мошинҳо худдорӣ намоянд

Мақомоти маҳаллии толибон дар вилояти Форёб ба сокинони ин вилоят дастур додаанд, ки аз пӯшидани либоси низомӣ худдорӣ намоянд, иттилоъ додааст «Sputnik» Афғонистон, дар истинод ба расонаҳои хабарии Афғонистон.

Дар фармоне, ки ахиран аз ҷониби толибон содир шуд, гуфта шудааст, ки ба манзури таъмини амният ва ҳифзи ҷони шаҳрвандон, аз шаҳрвандон тақозо мешавад, ки дар оянда аз пӯшидани либоси низомӣ ва мошинҳои дорои шишаҳои сиёҳ худдорӣ намоянд.

Ҳукумати маҳаллии толибон дар Форёб таъкид доштааст, ки ба ҷуз сарбозони онҳо касе аз либоси низомӣ истифода накунад.

Толибон ҳушдор додаанд, ки вайронкунандагони қонун ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Бояд қайд кард, ки дар рӯзҳои ахир иддаъоҳои мабнӣ бар ин ки шуморе афрод бо сӯиистифода аз ном ва нишони Толибон, даст ба сурқат мезананд, матраҳ шуда буд, ки ин маворид аз сӯйи толибон низ таъйид шуд ва гуфта буданд, ки ҷилави чунин корҳоро мегиранд.


Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.