расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҳомид Сайфӣ: Аҳмад Масъуд ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳо рафтуомад дорад

Сиёсат / Ҷаҳон

Ҳомид Сайфӣ: Аҳмад Масъуд ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳо рафтуомад дорад

Ҳомид Сайфӣ, як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон

Ҳомид Сайфӣ, як тан аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон мегӯяд, Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ва раҳбари ин Ҷабҳа ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои дунё рафтуомад дорад.

Ин фармондеҳ гуфт, фаъолиятҳои Ҷабҳа вусъат ёфтааст ва чанд рӯз пеш дар шаҳри Кобул чор Толибро ба ҳалокат расонидаанд.

Толибон вуҷуди Ҷабҳаи муқовиматро дар Афғонистон рад мекунанд. Мақомдорони Толиб борҳо изҳорот додаанд, ки дар ин кишвар ҳеҷ Ҷабҳаи муқовимате вуҷуд надорад. Аммо Ҳомид Сайфӣ, фармондеҳи ин Ҷабҳа дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷанги чирикиро пеш гирифтаанд ва дар чанд вилояти Афғонистон ба Толибон зарба задаанд. Ба гуфтаи ӯ, вақте онҳо ҳамла мекунанд, Толибон дар расонаҳо кори онҳоро бо номи «ДОИШ ва гурӯҳи одамрабоён» марбут медонад, ки ин ба ҳадафи хурд нишон додани онҳост.

Ҳомид Сайфии 39-сола аз низомиёни шинохтаи артиши ҳукумати пешини Афғонистон аст. Ӯ дар чанд вилояти Афғонистон нерӯҳои низомиро алайҳи Толибон фармондеҳӣ мекард. Пас аз фирори Ғанӣ ӯ ба зодгоҳаш Панҷшер баргашт ва ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст.

Ҷабҳаи муқовимат дар куҷо амал мекунад?

Радиои Озодӣ: Толибон ба таъкид мегӯянд, ки ҳеҷ Ҷабҳаи муқовимате вуҷуд надорад ва Панҷшер комилан зери назорати онҳост. Феълан шумо ва ҷонибдоронатон дар куҷо қарор доред?

Ҳомид Сайфӣ: Ҳоло на танҳо ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер, балки дар Тахору Бадахшону Бағлону Қундуз ва дигар минтақаҳои кишвар фаъол шудааст. Мо талош дорем, ки рӯзҳои наздик дар Форёбу Балху Ҷузҷон низ фаъол шавем, ҳарчанд аз қабл дар ин вилоёт аз мо эълони ҳимоят шуда буд. Мо бо вуҷуде, ки дар куҳҳои Ҳиндукӯш сангарҳои Ҷабҳаи муқовиматро дорем, дар вилояти Кописо, Парвон ва дигар вилоятҳое, ки ном гирифтам, ҷангҳои чирикӣ пеш мебарем. Душман талафот ҳам дорад. Мо ба он далел зиёд кори худро расонаӣ намесозем, ки дар нуқтаи ибтидоии ҷангҳои чирикии худ қарор дорем ва дар ҷангҳои чирикӣ маъмулан чеҳраҳо махфиву маҳрам бояд бимонанд. Агар мо инро расонаӣ бисозем, Худо нахоста чеҳраи онҳо ифшо шаванд, ин боиси шикаст дар сангар мешавад. Ба лутфи парвардигор, бо гузашти ҳар рӯз хабарҳои хушеро аз сар то сари кишвар дорем. Пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимат бештар мешавад.

Назари Ҳомид Сайфӣ ба изҳороти Толибон

Радиои Озодӣ: Намояндаи Толибон дар Панҷшер борҳо эълон кард ва аз чанд минтақаи Панҷшер видео нашр карда гуфт, ки ҳеҷ муқовиматгареро намебинад. Шумо чӣ тавр собит карда метавонед, ки дар Панҷшер ё дигар минтақаҳои Афғонистон ҳузур доред?
Ҳомид Сайфӣ: Толибон аксари минтақаҳои кишварро тасарруф карданд, вале аз ибтидо мо дар Андаробу Панҷшер Ҷабҳаи муқовиматро доштем. Дирӯз дар қалби Кобул чор нафар Толибе, ки дар рӯ ба рӯи Вазорати корҳои дохила кушта шуданд, кори кӣ буд? Ҷабҳаи муқовимат ба таври давомдор дар Кобул, Панҷшер, Кописо ва дигар вилоятҳо ҷангҳои чирикиро оғоз кардааст. Мо танҳо бо далели амниятӣ ин амалҳои худро расонаӣ намесозем. Мо агар аз ин марҳилаи чирикӣ убур кунему ба марҳилаи ҳуҷум гузарем, ки он ҳам наздик шудааст, гузоришу ахборҳои мо низ бештар хоҳад шуд.


Сарчашма:​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.