расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ дар Афғонистон манъ шуд: танҳо бо иҷозаи толибон

Сиёсат / Ҷаҳон

Мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ дар Афғонистон манъ шуд: танҳо бо иҷозаи толибон

Намояндагони Афғонистон бидуни иҷозаи департаменти давлатӣ аз мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ маҳрум шуданд

Зокир Ҷалолӣ, раиси раёсати умури сиёсии вазорати умури хориҷа, гуфтааст: Раҳбари гурӯҳи аз сӯи Толибон таъйиншудаи ҳукумати Афғонистон мулоқоти мақомоти маҳаллӣ бо дипломатҳои хориҷӣ бидуни иҷозаи вижаро манъ кардааст.

Ҷалолӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки аз ин ба баъд тамоми мулоқотҳои мақомоти афғон бо дипломатҳои хориҷӣ бо иҷозаи вазорати умури хориҷа баргузор мешавад.

Одил Навин, фаъоли сиёсӣ дар сӯҳбат бо Sputnik қайд кард, ки ин тасмим дар шароите гирифта шудааст, ки сафири Покистон дар Кобул бо вазирони ҳукумати муваққати толибон бидуни ҳеҷ иҷозае дидору мулоқот кардааст.

«Мо мебинем, ки сафири Покистон тақрибан ҳар рӯз намояндагони толибонро ба сафорат даъват мекунад ё худаш аз вазоратхонаҳо боздид мекунад. Ин комилан хилофи принсипҳои дипломатия аст, аммо мутаассифона, толибон дар дипломатия чандон хуб нестанд», — гуфт манбаъ.

Толибон дар бораи ин тасмимашон шарҳи бештар надодаанд.

Ин тасмими ҳукумати нави Афғонистон дар ҳолест, ки собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва гоҳ- гоҳе Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии давлати пешин ва чанд тани дигар бо дипломатҳои хориҷ дидору мулоқотҳо меоростанд.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.