расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Қирғизистон раиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мешавад

Сиёсат / Ҷаҳон

Қирғизистон раиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мешавад

Қирғизистон дар соли 2022 роҳбарии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро ба ӯҳда мегирад.

Ба иттилои сомонаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, чунин тасмим рӯзи 10 декабр дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё гирифта шудааст. Дар ҷаласаи рӯзи 10-уми декабр ҳамчунин дар мавриди таъсиси низоми ягонаи транзити гумрукӣ дар Иттиҳоди иқтисодӣ созиш ҳосил шудааст.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё моҳи майи соли 2022 дар шаҳри Бишкек баргузор хоҳад шуд. Дар соли 2021 роҳбарии Иттиҳодро Қазоқистон бар уҳда дорад.

Иттиҳоди мазкур дар соли 2010 таъсис шуда, ибтидо Белорус, Қазоқистон ва Русия узви он буданд. Дар соли 2015 Арманистону Қирғизистон ба узвият пазируфта шуданд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.