расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Кремл гуфт, аз суҳбати Путину Байден чиро интизор шудан мумкин аст

Сиёсат / Ҷаҳон

Кремл гуфт, аз суҳбати Путину Байден чиро интизор шудан мумкин аст

Кишвардори Амрико қабл аз суҳбат бо ҳамтоёни аврупоии худ дар тамос мешавад ва сипас суҳбати ӯ бо Зеленский дар назар аст

Котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков бар ин назар аст, ки интизори пешрафтҳо аз гуфтугӯи президентҳои ИМА ва Русия душвор аст, хабар медиҳад РИА Новости.

«Аз гуфтугӯҳо пешрафтҳоро интизор шудан душвор аст. Мо ҳоло дар равобити дуҷониба чунон тавофуқҳои азим дорем, ки дар чанд соати суҳбат ҳали онҳо номумкин аст. Аз ин рӯ, биёед ҳадди ақалл умедвор бошем, ки раҳбарон тавонанд нигарониҳояшонро ба ҳамдигар возеҳ баён кунанд», — тавзеҳ дод Песков.

Музокироти Владимир Путин ва Ҷо Байден тавассути пайванди видеоӣ рӯзи сешанбе дар назар аст. Президентҳо дар навори видеоӣ доираи васеи мавзӯъҳо, аз муносибатҳои дуҷониба то рӯзномаи байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз пеш маъмурияти президенти ИМА хабар дод, ки Ҷо Байден қабл аз гуфтугӯ бо раҳбари Русия бо ҳамкорони аврупоии худ суҳбат хоҳад кард.

Зимнан, котиботи президенти Украина низ хабар дод, ки Ҷо Байден пас аз суҳбат бо президенти Русия, бо Владимир Зеленский дар тамос мешавад.

Қаблан маълум шуда буд, ки раҳбарони Русия ва Амрико қасд доранд, ду мулоқот баргузор кунанд. Мулоқоти аввал мебоист то охири соли 2021 баргузор шавад ва дар соли 2022 Путин ва Байден шахсан мулоқот хоҳанд кард.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.