расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Исрори навбатии Миронов ба ҷорӣ кардани раводид барои муҳоҷирони тоҷик

Сиёсат / Муҳоҷир

Исрори навбатии Миронов ба ҷорӣ кардани раводид барои муҳоҷирони тоҷик

Сиёсатмадор бори дуввум аст, пешниҳод дорад, ки барои муҳоҷирон дар Русия раводид ҷорӣ карда шавад

Низоми раводид бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои хориҷиён дар Русия шароити муносиб фароҳам меорад.

Дар ин бора Ренат Каримов, раиси Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ дар сӯҳбат бо радиои «Говорит Москва» хабар дод.

Қаблан раиси ҳизби «Русияи одил — Барои ҳақиқат» Сергей Миронов ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Федератсияи Русияро пешниҳод карда буд.

Ба ақидаи ӯ, чунин тадбир ҷараёни муҳоҷиронро маҳдуд мекунад, афзоиши ҷинояткорӣ ва вуруди навъҳои нави коронавирус ба кишварро маҳдуд мекунад.

Миронов гуфтааст, бояд иқтисоди Русияро аз қувваи кории арзон муҳофизат кард, ки рушди онро суст мекунад. Кори арзон тиҷоратро фосид мекунад, пулро барои баланд бардоштани музди меҳнат, бозомӯзии коргарон ва такмил додани технология сарфа мекунад.

Сиёсатмадор ҳамзамон нақшаи ҳукумати маскав барои кам кардани коргарон дар сохтмонҳоро маскавро ҷонибдори кардааст.

Каримов таъкид кард, ки иттифоқи касаба аз таклифҳои Миронов натарсида, баръакс тарафдорӣ мекунад.

«Барои дарёфти раводид муҳоҷир бояд дар ин ҷо корфармо, ҷои хобгоҳ ё манзили иҷора дошта бошад. Корфармо ӯро сабти ном мекунад», — гуфт Каримов.

Вай таъкид кард, ки бисёриҳо аз тарси бе манзил мондан ва андоз барои иҷораи манзил намехоҳанд, муҳоҷиронро сабти ном кунанд.

«Агар раводид бошад, пас хуш омадед. Муассисаи давлатии „Жилищник"-и ягон район вазифадор аст, ки шуморо на танҳо поккор гирифта, балки вазифадор аст, ки бо манзил таъмин кунад ва ба қайд гирад«, — гуфт Каримов.

Вай афзуд, ҷорӣ шудани раводид ба муҳоҷирон на он қадар ба иқтисоди Русия зарба мезанад. Ҳукумати Федератсияи Русия метавонад лоиҳаро бо сабаби нарасидани кадрҳо ва коркарди хеле тӯлонии ҳуҷҷатҳо дастгирӣ накунад.

Ёдовар мешавем ин бори дуввум аст, ки Миронов ҷорӣ кардани низоми раводитро барои муҳоҷирон пешниҳод мекунад.

Қаблан ӯ зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор дошт, ки ҷорӣ шудани раводид аз эҷоди „анклавҳо дар қаламрави суннатии русҳо“ ҷилавгирӣ мекунад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.