расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Қадрдонии афсарони нерӯҳои вижаи Тоҷикистон дар ноҳияи наздимарзӣ бо Афғонистон

. / Сиёсат

Қадрдонии афсарони нерӯҳои вижаи Тоҷикистон дар ноҳияи наздимарзӣ бо Афғонистон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз қадрдонии афсарони таъйиноти махсус хабар дод, ки дар минтақаи наздимарзӣ бо Афғонистон хидмат мекунанд

Кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милиса, ки дар дидбонгоҳи ноҳияи Панҷ адои вазифа менамоянд, бо рутбаҳои навбатӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Манбаъ аз хидматҳои нерӯҳои вижаи Тоҷикистон дар таъмини тартибот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳимояи марз тавсиф кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, кори қисмҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки қисмати зиёди марз бо Афғонистон ба ин вилоят рост меояд, мавриди санҷиш қарор дод.

Ба иттилои ВУД, омодагии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ қарор дошта, ҳамаи техника ва лавозимоти ҷангӣ низ дар ҳолати хуб қарор доранд.

Раҳимзода дар ВМКБ низ барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонидааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.