расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Толибон дар бораи хати марзӣ тасавурот надоранд?

Сиёсат / Ҷаҳон

Толибон дар бораи хати марзӣ тасавурот надоранд?

Шилики тӯпҳои дар марзи Афғонистону Эрон хомуш шуданд, аммо нигарониву низомию сиёсӣ боқӣ монд

Амалҳои пешгӯинашавандаи Толибон* ва вазъияти мушкил дар Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.

Дар авоили моҳи декабрь дар марзи Афгонистону Эрон миёни артиши Эрон ва Толибон* бо истифода аз аслиҳа хурд, машинахои зирехпуш ва тӯпҳо задухурди шадид сурат гирифт. Маълум шуд, ки марзбонони Толибон* куҷо будани хатти сархадди давлатиро аслан хабар надоштанд. Онҳо ба сӯи мардуми осоиштаи кишвари ҳамсоя тирпаронӣ карданд.

Барои мубориза бо қочоқчиён дар вилоятҳои марзии Эрон, Сиистон ва Балуҷистон қаблан як девори муҳофизатӣ — садҳо метр аз хатти марзӣ бунёд гардида буд. 1 декабрь деҳконони эронӣ тасодуфан деворро дар қаламрави худ убур карданд ва Толибон* онҳоро ҳамчун марзшикан донисту тарафи онҳо шилик кард.

Марзбонони Эрон ба толибон, аз ҷумла бо тӯпҳои 122 мм D-30 посух доданд. Толибон* мошинҳои зиреҳпуши аз НАТО боқимондаро истифода бурданд. Задухӯрдҳо пас аз гуфтушунид рӯзи 2 декабр анҷом ёфт. Тарафҳо расман дар бораи қурбониён хабар намедиҳанд, ҳарчанд қаблан дар расонаҳо хабарҳо дар бораи даҳҳо куштаву захмӣ ва дар бораи ишғоли ду посгоҳи Эрон аз ҷониби толибон нашр шуда буд.

Шояд сабабҳои ҳақиқӣ, як нофаҳмии марзӣ. Эрон ҳамкориҳои иқтисодиро бо мақомоти нави Афғонистон ба таври мусбат густариш медиҳад. Ахиран дар моҳи ноябр созишнома дар бораи интиқоли 100 мегаватт нерӯи барқ ба вилоятҳои Ҳирот, Нимрӯз ва Фараҳи Афғонистон ба имзо расида буд. Эрониҳо омодаанд барои коркарди маъданҳои Афғонистон (сангҳои қиматбаҳо, тилло, литий, мис) сармоягузорӣ кунанд ва ҳамчунин роҳу пулҳо созанд.

Аз сӯйи дигар Теҳрон аз қочоқи маводи мухаддир, вуруди паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба Эрон ва бештар аз ҳама даъвоҳо ба толибон дар мавриди таъқиби ҳазораҳои шиа, ки тақрибан панҷяки ҷамъияти 40-миллионии Афғонистон ташкил медиҳад, нигарон аст.

Вақте ки толибон бори аввал дар солҳои 1990 ба қудрат расиданд ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ дар соли 1998 як гурӯҳи дипломатҳои эрониро дар Мазори Шариф ба қатл расониданд. Эрон аз Эътилофи шимолӣ пуштибонӣ кард. Дар он замон Тоҷикистон низ аз муқовимати мусаллаҳона дар шимоли Афғонистон ҳимоят мекард.

Пас аз бозгашти дубораи толибон ба сари қудрат, мақомоти Тоҷикистон толибонро барои фарогир набудани ҳукумат, поймоли ҳуқуқи шаҳрвандон, ба хусус тоҷикон, ки сеяки аҳолии кишвар ҳастанд, (тақрибан 13 миллион нафар), шадидан танқид мекунад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.