расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Раҳимзода сатҳи омодабошии ҷангии низомиёнро дар ВМКБ санҷид

Сиёсат / Ҷомеа

Раҳимзода сатҳи омодабошии ҷангии низомиёнро дар ВМКБ санҷид

Сардори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кори воҳидҳои низомӣ дар Помирро тафтиш кард

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода кори қисмҳои низомии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тафтиш кард, хабар медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.

Аз ҷумла, вазир вазъи омодагии ҷангиро дар қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва Вазорати мудофиа дар ВМКБ тафтиш намудааст.

Гуфта мешавад, ки омодагии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ қарор дошта, ҳамаи техника ва лавозимоти ҷангӣ низ дар ҳолати хуб аст.

«Зимни суҳбату вохӯрӣ афсарону сарбозон руҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, ҳифзи ватан ва таъмини амнияти шаҳрвандонро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд», — афзудааст манбаъ.

Раҳимзода барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорати корҳои дохилӣ бо туҳфаҳо сарфароз гардонидааст.

Илова бар ин, Раҳимзода омодагии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии вилоятро барои давраи зимистонгузаронӣ тафтиш кардааст.

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии номбурда ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар амборхонаи онҳо захираи маҳсулоти хӯрока, либос ва сузишворӣ ба миқдори лозимӣ захира карда шудааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.