расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Муҳлат ба поён расид, чаро Вазорати дифоъ хомӯш аст?

Сиёсат / Ҷомеа

Муҳлат ба поён расид, чаро Вазорати дифоъ хомӯш аст?

Муҳлати таъиншуда барои даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон рӯзи 30-юми ноябр поён ёфт, вале мақомот дар бораи иҷрои нақша ҳанӯз гузориш надоданд. Дар солҳои гузашта Вазорати мудофиа аз иҷрои пеш аз муҳлат хабар медод. Баъзе аз мутахассисон сукути мақомотро ба эҳтимоли иҷро нашудани нақша пайванд медиҳанд.

Нигаронӣ аз афзоиши назарраси “сарбозшикор”

Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", тақрибан ҳашт сол боз ба ҳимоят аз ҳуқуқи сарбозон ва ҷавонони синни даъват ба артиш машғул аст. Мегӯяд, дар таҷрибаи ӯ бори аввал аст, ки мақомот аз иҷро шудани нақшаи даъват хабар намедиҳанд.
Талошҳои зиёди мо барои гирифтани назари Вазорати дифоъ рӯзи 30-юми ноябр бенатиҷа буд. Дақиқ нест, ки нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ чӣ қадар иҷро шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқдонҳо аз афзоиши мавридҳои "сарбозшикор" изҳори нигаронӣ доранд. Масъулони созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯянд, тақрибан ҳар рӯз дар ин бора шикоят мегиранд. Дилрабо Самадова, мудири созмон, рӯзи 30-юми ноябр гуфт, "агар соли гузашта зиёда аз 300 нафар аз поймол шудани ҳуқуқашон дар вақти даъват шикоят карда буданд, имсол ин омор қариб ба 1000 нафар расид."
Мақомот ҳамеша ба набудани "сарбозшикор" ё "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад. Вале бино ба наворҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони мақомот дар либоси шаҳрвандӣ ҷавононро аз кӯчаҳо дошта, ба артиш мебаранд.
Додситонии ҳарбӣ пештар гуфта буд, на ҳамаи ин наворҳо ба "облава" рабт доранд. Аз ҷумла, мақомот яке аз ин наворҳоро боздошти як гумонбар ба ҷиноят гуфтанд.

Имтиёз барои ҷавонон кофӣ нест?

Дилрабо Самадова мегӯяд, барои аз байн бурдани "облава" ҷавонон бояд барои хидмат дар артиш ҳавасманд карда шаванд. Мақомот барои ҷавононе, ки дар артиш хидмат кардаанд, чандин имтиёз додаанд. Аз ҷумла, ҷавонон баъд аз адои хидмати ҳарбӣ дар вақти дохил шудан ба донишгоҳ имтиёз мегиранд. Инчунин, барои кор дар бисёр ниҳодҳои қудратӣ акнун хидмат дар артиш шарти ҳатмӣ аст, аммо ҳомиёни ҳуқуқ ин имтиёзҳоро нокофӣ мехонанд.
Ҳомии ҳуқуқ Дилрабо Самадова мегӯяд, "ҷавонон бояд дарк кунанд, ки хидмати ҳарбӣ барои чӣ лозим аст. Дар инҷо нақши мактаб, донишгоҳ ва ҷомеа зиёд аст. Сабаби асосие, ки ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ намераванд ва волидон ҳам барои ба хидмати ҳарбӣ рафтани фарзандонашон розӣ намешаванд, ин тарс аст. Тарс аз латукӯб шудани фарзандон, тарс аз беқонунӣ дар дохили қисмҳои ҳарбӣ, аз гуруснагӣ ва сардӣ."
Мақомот борҳо гуфтаанд, назорат дар қисмҳои ҳарбӣ пурзӯр шуда, шароити хидмати сарбозон низ бамаротиб беҳтар шудааст.
Дилрабо Самадова
Дилрабо Самадова

"Донишҷӯён бештар зарар диданд"

Сарбозшикор ё зӯран ба артиш бурдани ҷавонон мушкили ягонаи даъвати имсола ё солҳои қабл набудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар даъвати тирамоҳии имсола донишҷӯён бисёр зарар диданд.
"Вақте донишҷӯён ягон камбудӣ доранд, дарсҳоро нахонанд ва бо роҳбарияти донишгоҳ мушкиле дошта бошанд, онҳоро таҳдид мекунанд, ки ба хидмати ҳарбӣ мефиристанд. Ин хеле нанговар аст, ки хидмат дар артиш ҳамчун ҷазо нисбати ҷавонон истифода шавад. Ин бояд вазифаи обрӯманд бошад, ки ҷавонон фахр карда раванд," -- мегӯяд Дилрабо Самадова.
Масъулони донишгоҳҳо мегӯянд, ин иддао асос надорад. Вале ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, қонуни нави хидмат, ки моҳи январ тасвиб шуд, заминаро барои бурдани донишҷӯён ба артиш фароҳам кард. Масъулини ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” гуфтанд, донишҷӯёне, ки боре таҳсилашонро ба таъхир гузоштаанд (рухсатии академӣ) ё аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар интиқол ёфтаанд, мумкин аст, бар асоси қонуни нав ба артиш ҷалб шаванд.
Дилрабо Самадова, роҳбари созмон, мегӯяд, бо ҳамин мазмун ҳафтаи гузашта аз порлумон мактуб гирифтаанд. Ҳол он ки ин ҳомии ҳуқуқ ҷалби донишҷӯёнро ба артиш дар вақти таҳсил ғайриқонунӣ меномад.
Ҳар сол дар Тоҷикистон ду дафъа баҳору тирамоҳ маъракаи ҷалби ҷавонон ба артиш сурат мегирад. Ҷалби маҷбурӣ яке аз мушкилотест, ки ҳар сол такрор мешавад ва сабаби сарпечӣ аз хидматро ҳам бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва куштаву маъюб шудани теъдоде аз наваскарон медонанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.