расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Шарҳи КДАМ ва вазъи феълӣ дар Хоруғ: Аз кушташудаҳо то маҷрӯҳон - видео

. / Сиёсат

Шарҳи КДАМ ва вазъи феълӣ дар Хоруғ: Аз кушташудаҳо то маҷрӯҳон - видео

КДАМ Тоҷикистон аз ҷароҳати панҷ корманди давлатӣ дар ҳаводиси охири Хоруғ хабар дод. Сокинони маҳаллӣ аз кушта шудани се ҷавон бо зикри ному насаб ва синну соли онҳо мегӯянд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳаводиси рӯзи 25 ноябр дар Хоруғ панҷ корманди давлатӣ маҷруҳ шудаанд.

Ба гузориши КДАМ, ки тариқи телевизиони «Бадахшон» нашр шуд, дар ин қазия се хизматчии КДАМ, як корманди мақомоти умури дохилӣ ва як корманди прокуратура маҷруҳ гардида, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар мавриди кушташудаҳо аз миёни сокинони мулкӣ то ҳол мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон хабар надодаанд.

Ба иттилои расида, ба ҳолати субҳи 26 ноябр дар ҳаводиси ахир се ҷавон, аз ҷумла Гулбиддин Зиёбекови 29-сола, Тутишо Амиршоеви 21-сола ва Гулназар Муродбеков ба ҳалокат расида, бархе ҷавонони дигар дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Дар ҳоле, ки бар асоси гузоришҳои расида гирдаҳамоӣ барои талаби таҳқиқи мунсифонаи ҳаводиси охир дар Хоруғ идома дорад, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тариқи телевизиони «Бадахшон» сокинонро ба оромӣ даъват карда, таъкид намудааст, ки амниятро таъмин хоҳад кард.

Феълан тамоси телефонӣ ва интернетӣ бо ВМКБ масдуд мебошад. Гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав гирдиҳамоӣ ташкил карда, барқарорсозии тамос ва таҳқиқи мунсифонаи ҳаводиси охирро аз мақомоти тоҷик талаб намуданд.

Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи мунсифонаи қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25 ноябр оғоз гардид.

Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ. 3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ. 3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайгарди қонунӣ қарор доштааст.

Тибқи иттилои расмӣ, номбурда ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ барои боздошт бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров» оташ кушодааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.