расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Толибҳо мегӯянд, содирот аз Афғонистон дар аҳди онҳо афзоиш ёфтааст

Сиёсат / Ҷаҳон

Толибҳо мегӯянд, содирот аз Афғонистон дар аҳди онҳо афзоиш ёфтааст

Мақомдори толибҳо мегӯяд, дар аҳди ҳукмронии намояндагони ин гуруҳ содироти мол аз Афғонистон афзоиш ёфтааст

Инъомуллоҳ Самангонӣ, муовини сухангӯи толибҳо, меӯяд, содирот дар Афғонистон беш аз ду баробар зиёд гардидааст.

Самангонӣ дар твиттери худ нигоштааст, ки Афғонистон дар се моҳи охири низоми қаблӣ ба андозаи 11,58 миллиард афғонӣ содирот дошта буд.

Ӯ барои муқоиса зикр намуд, ки дар се моҳи охири низоми кунунӣ 26,68 миллиард афғонӣ содирот анҷом дода шудааст, ки рушди 132 дарсадиро ташкил медиҳад. Аммо мушаххас зикр нашудааст, ки кадом молҳо аз кишвар ба хориҷ бурда шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ, вазири молияи толибҳо эълом кард, ки тайи 78 рӯзи кории баъд аз тасаллути Афғонистон, ҳукумати ташкилкардаашон 26,9 миллион афғонӣ оидот дошт. Ин вазоратхона ҳамчунин эълом кард буд, ки ҳуқуқи семоҳаи кормандони давлатӣ якҷо пардохт хоҳад шуд.

Толибҳо дар Афғонистон нимаи моҳи август қудратро ғасб карда, аз ташкили имороти исломӣ хабар доданд. Феълан ин гуруҳ талош дорад, ки пулҳои мунҷамиди давлатӣ қаблӣ озод карда шаваду ба ихтиёри толибҳо гузошта шаванд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.