расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » РУСИЯ БОЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКРО, КИ БО ТАЛАБИ ҚИРҒИЗИСТОН БОЗДОШТ ШУДА БУД, ОЗОД КАРД

Сиёсат / Ҷомеа

РУСИЯ БОЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКРО, КИ БО ТАЛАБИ ҚИРҒИЗИСТОН БОЗДОШТ ШУДА БУД, ОЗОД КАРД

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки рӯзи 18 ноябр “дар натиҷаи ҳамкории самараноки Намояндагии дипломатии Тоҷикистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев Комилҷон, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово боздошт гардида буд, бинобар беасос будани сабабҳои боздошт, озод гардид.”
Комилҷон Юлдошев, сокини деҳаи Чорбоғи ҷамоати Сурхи Исфара рӯзи 16 ноябр ҳангоми сафар ба Русия дар фурудгоҳи Домодедово бар асоси дархости мақомоти Қирғизистон дастгир шуда буд. Мақомоти қирғиз ӯро ба даст доштан дар муноқишаҳои марзӣ айбдор мекунанд. Вале Юлдошев гуфтааст, ки дар он муноқишаҳо иштирок надошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.