расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Зас: Афғонистонро ҷангу суқути иқтисод интизор аст

Сиёсат / Ҷаҳон

Зас: Афғонистонро ҷангу суқути иқтисод интизор аст

Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) -ро нигарон кардааст

Станислав Зас, дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар нишасти нӯҳуми котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви ИДМ дар бораи дурнамои рушди Афғонистон изҳори назар кард.

«Дар ояндаи наздик эҳтимол дорад иқтисод ва бахши иҷтимоии Афғонистон комилан суқут карда, дар кишвар метавонад фоҷеаи инсонӣ ба вуҷуд биёяд», — гуфт Зас.

Дабири кулли СААД афзуд, бӯҳрони иқтисодӣ дар Афғонистон боиси даргириҳои мусаллаҳона дар ин кишвар мешавад.
Ҳамчунин, вазъи ноором дар кишвар метавонад боиси фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва кишту тавлиди маводи мухаддир дар минтақа шавад.

Зас илова кард, ки чунин тавсеъаи ҳаводис бидуни шак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир хоҳад расонд.

Вай гуфт, ки вазъ дар Осиёи Марказӣ пас аз тағйири қудрат дар Афғонистон «мураккаб, муташанниҷ ва пешгӯинашаванда» боқӣ мемонад.
Зас зикр кард, ки мушкилоти мазкур ба монанди таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон, амнияти биологӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бо мақсадҳои ҷиноятӣ таҳти назорати СААД мебошанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.