расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Путин бо Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

Сиёсат / Ҷаҳон

Путин бо Раисӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ кард

Раисҷумҳурон изҳори омодагӣ намуданд, ки дар истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон кумак хоҳанд кард

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон дар як гуфтугӯи телефонӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кремл.

Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳурони Русия ва Эрон омодагии худро барои кумак ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар эълон кардаанд.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат Владимир Путин изҳор доштааст, ки дар ояндаи наздик ирсоли кумакҳои башарӣ аз ин кишвар ба Афғонистон шуруъ мешавад.

Президенти Русия аз ирсоли маводи ғизоӣ ва колоҳои зарурӣ дар оянда хабар додааст.

Манбаъ меафзояд, зимни табодули афкор дар бораи вазъи Афғонистон, «омодагӣ барои мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар таъкид шуд».

Ёдовар мешавем, ки қудрат дар Афғонистонро толибҳо нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.