расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Куштори журналисти афғонро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт

Сиёсат / Ҷаҳон

Куштори журналисти афғонро гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифт

Ҳамид Сайғонӣ журналисти маъруфи телевизион дар Афғонистон буд

Гурӯҳи марбут ба «Давлати исломӣ» масъулияти таркиши микроавтобусеро дар як маҳаллаи шиаёни Кобул ба дӯш гирифт, ки дар паи он як хабарнигори маъруфи телевизиони Афғонистон кушта шуд. Шохаи Хуросони гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар як иддаояш рӯзи 14-уми ноябр тавассути Телеграм канали худ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт. Маркази журналистони Афғонистон чанд соат баъди таркише, ки рӯзи 13-уми ноябр дар маҳаллаи Дашти Барчӣ рух дод, гуфт, ки дар ин ҳодиса журналист Ҳамид Сайғонӣ кушта шуд.

Ҳамсари ин журналисти маъруф ҳам дар як навиштае дар Фейсбук куштори шавҳарашро тасдиқ кард ва гуфт, «Ман Ҳамидро аз даст додам». Дар иддаои худ шохаи Хуросони гурӯҳи «Давлати исломӣ» гуфт, ки бомбаро дар автобусҳо ҷой дода «20 муртади шиа"-ро кушта ва захмӣ кардааст.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.