расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тамрини навбатии нерӯҳои вижаи СААД дар Тоҷикистон

. / Сиёсат

Тамрини навбатии нерӯҳои вижаи СААД дар Тоҷикистон

Аз 17 то 19 ноябр низомиёни Ҳавзаи марказии низомии Русия барои нахустин бор дар тамринҳои «Кобальт"-и нерӯҳои вижаи СПАД дар Тоҷикистон ширкат мекунанд.

 Дар Тоҷикистон тамриноти муштараки воҳидҳои вижаи нерӯҳои дастҷамъонаи вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба унвони «Кобальт-2021» баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
«Ин размоиш аз 17 то 19 ноябр дар тамрингоҳи Фахробод баргузор мешавад», — омадааст дар паём.

Гуфта мешавад, ҳайати низомии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ бори аввал дар тамрини муштараки воҳидҳои нерӯҳои вижа ширкат хоҳад кард.
Илова бар ин мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти давлатӣ, вазорату идораҳои ҳолатҳои изтирорӣ ва мубориза бо маводи мухаддири нерӯҳои зудамали дастаҷамъии СПАД низ ба он ҷалб мешаванд.

Дар размоиш низомиёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Русияро воҳидҳои низомии нерӯҳои вижаи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ ва баталйони иктишофии пойгоҳи низомии 201-и мустақар дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин аз ҷониби Русия 60 нафар низомӣ бо 10 техникаи ҷангӣ бар иловаи ду чархболи Ми-8МТВ5-1 дар ин размоиш ширкат мекунанд.
Иштирокчиёни машқҳо амалиёти нобудсозии ҷангҷӯёнро тамрин мекунанд. Онҳо барои муҳосира ва ҳамла ба биное, ки ҷангҷӯёни шартӣ тасарруф кардаанд, бо истифода аз таҷҳизоти иктишофии фаннӣ ва чархболҳо амалиёт анҷом хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории машқҳо баланд бардоштани самаранокии омодагӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак ва оперативӣ-ҷангӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ мебошад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.