расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Бадахшон. Мирзонаботов ба ҷои Файзов таъин шуд. ВИДЕО

Сиёсат / Ҷомеа

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Бадахшон. Мирзонаботов ба ҷои Файзов таъин шуд. ВИДЕО

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз мансаб озод шуда, ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонаботов таъин гардидааст.
Ғолиб Ниятбекзода, сухангӯи раиси вилоят, рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими муаррифии раиси нав дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд. Раиси нави вилоятро Асадулло Раҳмонзода, ёвари президент дар масъалаи кадрҳо, муаррифӣ кардааст.
Алишер Мирзонаботов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Бадахшон, то ин дам раиси шаҳри Хоруғ буд. Ӯ солҳо дар сохторҳои амниятӣ кор карда, то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд.
Ёдгор Файзов дар аввалин вокунишаш баъди барканорӣ гуфт, “ман рисолатамро то ҷое тавонистам иҷро кардам.”
Сухангӯи раиси вилояти Бадахшон гуфт, мақоми нави Ёдгор Файзов ҳанӯз маълум нест.
Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбекзода, Ризо Назарзода раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст. Назарзода то ин дам муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш буд.
Инчунин, рӯзи 5-уми ноябр Назира Амирбекзода аз мансаби муовини раиси вилояти Бадахшон оид ба масъалаҳои идеологӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Нилуфар Асламшоева таъин шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.