расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » "Қазияи Мадина". Сардори ШКД-и ноҳияи Синоро аз кор гирифтанд

Сиёсат / Ҷомеа

"Қазияи Мадина". Сардори ШКД-и ноҳияи Синоро аз кор гирифтанд

Cардори Шуъбаи корҳои дохилии 2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар робита ба "қазияи Мадина" аз мақом барканор шудааст. Манобеъ гуфтанд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон аъмоли Зафар Исмоилзодаро месанҷад.
Худи ӯ ба тамосҳои батакрори Радиои Озодӣ посух надод. Дар ШКД‑2 дар ноҳияи Синои пойтахт тасдиқ карданд, ки ӯ дигар сардор нест, вале аз шарҳи барканориаш худдорӣ карданд. Илҳом Ҷабборзода ба ҷойи Зафар Исмоилзода таъин шуд.
Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, "қазияи Мадина" дар машварти кории ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи 2‑юми ноябр баррасӣ шуд. Ҳамсуҳбати мо, ки аз қазия огоҳ аст, гуфт, "Эмомалӣ Раҳмон аз мақомот сахт танқид кард".
Исмоилзода, ки шоми 2‑юми ноябр пас аз анҷоми машварати кории аъзои ҳукумат аз мақом барканор шудааст, бо чанд зердасташ ва як корманди Додситонии ноҳияи Сино дар робита ба "тақаллубкории парвандаи латукӯби Мадина Мамадҷонова" гумонбар мешаванд.
Мадина Мамадҷонова, сокини шаҳри Душанбе, охири моҳи августи имсол дар ҳолати беҳушӣ ба беморхона бурда шуд. Мақомот 1‑уми ноябр бо гумони "қасди куштор” Азиза Давлатова ва шавҳари ӯ, корманди ширкати “Мегафон Тоҷикистон”, Лутфулло Давлатовро бо гумони “азобу уқубат” дастгир карданд.
Ин иттифоқ замоне афтод, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин ҳодиса вокуниш нишон дод. Дар гузашта танҳо аъмоли Азиза Давлатова таҳқиқ шуда, бар асоси қонуни афв нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз накарданд.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло Зафар Исмоилзода ба он гумонбар аст, ки парвандаро дуруст таҳқиқ накардааст. "Нисбат ба ӯ ва корманди Додситонии ноҳияи Сино, ки зери афви Азиза Давлатова имзо гузоштааст, тафтиш ҷараён дорад. Ҳанӯз корманди додситонӣ дар вазифааш кор мекунад ва маълум нест, нисбат ба ӯ чӣ қарор содир мешавад", ‑‑ гуфт ӯ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.