расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Аҳмади Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард

. / Сиёсат

Аҳмади Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард

Аҳмад Масъуд бо паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон барои дидор бо Амир Исмоилхон рафтааст

Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон бо Амир Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот дар Эрон дидору мулоқот кардааст.

Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар такя ба манбааш дар Машҳад хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дидори Аҳмад Масъуд ва Амир Исмоилхон рӯзи чаҳоршанбеи 3 ноябр дар Машҳад доир шудааст.

Ин манбаъ афзудааст, ки Аҳмад Масъуд дар ин дидор паёми даъвати Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистонро барои таъсиси ҳукумати фарогир оварда буд.

Манбаи Sputnik Афғонистон таъкид мекунад, ки фармондеҳ Исмоилхон то ҳол ба ин паём посух надодааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон бошад, то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.

Амир Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот ва яке аз раҳбарони аршади ҷиҳодӣ, ки пас аз суқути Ҳирот чанд рӯз дар асорати «Толибон»* қарор дошт,  ӯ ҳоло дар Машҳади Эрон аст ва аз Аҳмади Масъуд ҳимоят карда буд ва таъсиси ҳукумати фарогирро зарур хонд.

Ба гуфтаи оқои Исмоилхон, таъсиси ҳукумати фарогир дар шароити кунунӣ ба манфиати мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст.
Ин чеҳраи маъруфи ҷиҳодӣ қаблан дар изҳороти худ гуфта буд, ки муқовимати Панҷшер густариш меёбад.

Вай таъкид кард, ки Ғанӣ масъули маъмури анҷоми кудето дар Афғонистон буд ва давлати қаблӣ ба ҳамин далел суқут кард.

Амир Исмоилхон афзуд, муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд танҳо нест ва бо мурури замон дар дигар вилоятҳои Афғонистон густариш меёбаду рушд мекунад.

Cарчашиа: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.