расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ЯК МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯИ ТОҶИКРО БО 23 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ДАСТГИР КАРДААНД

Сиёсат / Ҷомеа

ЯК МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯИ ТОҶИКРО БО 23 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ДАСТГИР КАРДААНД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 25 октябр аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва ба додгоҳ супурдани парвандаи Сайдамири Файзиддин хабар дод.
Маркази матбуоти агентӣ гуфт, Сайдамири Файзиддин  дар мақоми сардори Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард ва “бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” барои тайёр карда додани иҷозатномаи «Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ» ва «Истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд» маблағи 23 000 сомониро талаб намудааст.”
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ  аз ӯ гирифта шудааст.
Корҳои маркшейдерӣ  ба фарқ аз геодезия, ки болои заминро таҳқиқ ва харитакашӣ мекунад, ин марбут ба таҳқиқи қаъри замин, аз ҷумла кашидани харитаи ҷойгиршавии маъданҳои табиӣ дар бистари хок мебошад.
Аммо боз ҳам аҷиб он аст, ки бо вуҷуди ҳангоми гирифтани пора бо далели шайъӣ ба даст афтоданаш, парвандаи Сайдамири Файзиддинро бар асоси моддаи 247, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қаллобӣ ҷамъу баст кардаанд.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон бо моддаи ҷазояш сабуктари қаллобӣ ҷамъу баст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки бо пора ба даст меафтанд, хеле зиёд шудааст. Ин ба мансабдорони порахӯр имкон медиҳад, ки бо пардохти ягон ҷаримаи рамзӣ аз ҷавобгарӣ халос шаванд. Коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи “раҳмдилона” мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар мубориза бо коррупсия, ки табиати саросарӣ гирифта, ба як таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллии кишвар табдил ёфтааст, комёб нахоҳанд шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.