расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Вакил гуфт, "ғайриқонунист

Сиёсат / Ҷомеа

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Вакил гуфт, "ғайриқонунист

Иззат Амон моҳи марти имсол датсгир шуд

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро, ки баҳори имсол аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон дастгир шуд, бо гуноҳи «қаллобӣ ба миқдори махсусан калон» ба 9 сол зиндон маҳкум карданд. Вакили мудофеъ Саидбурҳон Шарифов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри 19-уми октябр эълон шуд, вале онро «ғайриқонунӣ» донист.
Пештар намояндаи додситонӣ ба Иззат Амон нӯҳ сол ҳабс талаб карда буд. Вакилони мудофеаш бовар доштанд, қонуни афв нисбат ба ӯ татбиқ мешавад. Пайвандонаш низ гуфта буданд, пули даъвогаронро супурдаанд.

«Мо ҳайронем, ки чаро афв накарданд. Барои ҳамин, шикоят мекунем. Ҳукм ғайриқонунӣ аст ва ба ягон қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рост намеояд. Мо шикоят мекунем. Аллакай ҳамин рӯз шикоятро бурда месупорам,» — афзуд вакили мудофеъ Саидбурҳон Шарифов ба .Назари додгоҳ феълан дастрас нест. Масъулони Додгоҳи Душанбе то ҳол нагуфтаанд, ки чаро бо вуҷуди ҷуброни маблағи даъвогарон, қонуни афв нисбат ба Иззат Амон татбиқ нагардид. Дар ҳоле ки қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки Иззат Амон бар асоси он муҳокима шуд, ба афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раиси созмони «Маркази тоҷикон» дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард, рӯзи 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонистанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ пули даъвогаронро супурданд. Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошту ҳукми Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.

Иззат Амон дар баробари ёрӣ ба муҳоҷирони корӣ аз сиёсатҳои мақомоти Тоҷикистон интиқод мекард.
Дар моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, ки ҳизби муҳоҷиронро бо номи «Тағйирот, ислоҳот ва рушд» таъсис хоҳад дод ва ҳадафаш ҳузури муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Баъдан бо ишора ба фишор ва монеагузориҳо аз ин идея даст кашид.

Cарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​







Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.